Бо ташаббуси Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии «Пойгоҳи бостоншиносии Панҷакент–Саразм ва Осорхонаи 5500-солагии Саразм» конференсияи илмӣ таҳти унвони «Саҳми экспедитсияи бостоншиносии Суғду Тоҷик дар омӯзиши Панҷакенти қадим» баргузор мегардад.
Конференсияи мазкур ба 80-солагии оғози ковишҳои бостоншиносӣ дар Панҷакенти қадим бахшида шуда, ҳадафи он баррасии натиҷаҳои таҳқиқоти бостоншиносӣ, саҳми олимону муҳаққиқон дар омӯзиши таъриху фарҳанги ниёгон ва муайян намудани аҳаммияти бозёфтҳои бостоншиносӣ дар ҳифзу муаррифии мероси таърихию фарҳангии халқи тоҷик мебошад.
Панҷакенти қадим яке аз ёдгориҳои муҳими таърихию фарҳангии Осиёи Марказӣ ба шумор рафта, бозёфтҳои он дар омӯзиши таърихи шаҳрсозӣ, ҳунармандӣ, санъат, эътиқод ва зиндагии иҷтимоии сокинони Суғди бостон аҳаммияти хос доранд.
Баргузории конференсия барои таҳлилу баррасии дастовардҳои бостоншиносӣ, табодули таҷрибаи илмӣ ва тақвияти корҳои таҳқиқотию тарғиботӣ дар самти ҳифз ва муаррифии мероси таърихию фарҳангии кишвар заминаи мусоид фароҳам меорад.




