28 октябри соли 2026 дар Муассисаи давлатии «Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор» ба муносибати таҷлили яке аз ҷашнҳои қадимаи миллии тоҷикон — Меҳргон — чорабинии фарҳангӣ баргузор мегардад.
Дар чорабинии мазкур роҳбарият ва кормандони Агентӣ, муассисаҳои зерсохтори он, инчунин меҳмонон аз вазорату идораҳои иштирок менамоянд.
Меҳргон яке аз ҷашнҳои бостонии мардуми тоҷик буда, ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарии ЮНЕСКО ворид гардидааст. Он рамзи фаровонӣ, баракат, ҳосили фаровон ва арҷгузорӣ ба неъматҳои табиат ба шумор меравад. Ин ҷашни суннатӣ аз қадимулайём бо анҷоми корҳои кишоварзӣ, ҷамъоварии ҳосил ва изҳори шукргузорӣ аз неъматҳои табиат алоқаманд буда, дар фарҳангу тамаддуни халқи тоҷик ҷойгоҳи хос дорад.
Ҳадафи баргузории чорабинии мазкур гиромидошти анъана ва суннатҳои миллӣ, эҳё ва тарғиби расму оинҳои ниёгон, таҳкими ҳисси худшиносиву худогоҳии миллӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихию фарҳангии халқи тоҷик мебошад.
Чунин чорабиниҳои фарҳангӣ дар муаррифии мероси ғании таърихию фарҳангии миллати тоҷик, ҳифзу нигоҳдории суннатҳои миллӣ ва таҳкими робитаи наслҳо нақши муҳим доранд.
Баргузории ҷашни Меҳргон дар ҳудуди маҷмааи таърихии Ҳисор, ки яке аз ёдгориҳои арзишманди таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ба муаррифии имкониятҳои фарҳангиву таърихии ин мавзеъ ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба мероси пурғановати ниёгон мусоидат менамояд.




