Ободии диёр аз тозагии ҳар гӯшаи он оғоз меёбад

Дар Муассисаи давлатии «Осорхонаи мамнуъгоҳи ҷумҳуриявии Данғара» бо мақсади таъмини тозагӣ, ободонии муҳити атроф ва фароҳам овардани шароити мусоид барои қабули меҳмонони дохилию хориҷӣ шанбегӣ баргузор гардид.

Дар рафти шанбегӣ кормандони муассиса гирду атрофи бино ва ҳудуди осорхонаро тоза намуда, дар корҳои ободонию созандагӣ саҳми худро гузоштанд.

Чунин иқдомҳо ба беҳтар гардидани вазъи санитарии муҳити атроф, ҳифзи тозагию озодагӣ ва баланд бардоштани фарҳанги ободонию созандагӣ мебошад. Кормандони муассиса минбаъд низ ҷиҳати нигоҳ доштани тозагӣ, ободонии ҳудуди осорхона ва фароҳам овардани шароити мусоид барои меҳмонон тадбирҳои заруриро амалӣ хоҳанд кард

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top