Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солгарди Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии «Пойгоҳи бостоншиносии Панҷакент–Саразм ва Осорхонаи 5500-солагии Саразм» таҳти унвони «Саҳми экспедитсияи бостоншиносии Суғди қадиму Тоҷикистон дар омӯзиши Панҷакенти қадим» конференсияи илмӣ баргузор гардид.
Дар конференсия роҳбарияти Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Панҷакент, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, кормандони вазорату идораҳои дахлдор, олимону муҳаққиқон ва мутахассисони соҳаи бостоншиносӣ иштирок ва суханронӣ намуданд
Конференсияи мазкур ба 80-солагии оғози ҳафриёти бостоншиносӣ дар Панҷакенти қадим бахшида шуда, ҳадафи он баррасии натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ, омӯзиши саҳми олимону бостоншиносон дар кашфи паҳлуҳои гуногуни тамаддуни суғдӣ, инчунин муҳокимаи масъалаҳои ҳифз, омӯзиш ва муаррифии мероси таърихию фарҳангӣ мебошад.
Дар оғози конференсия директори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Хоҷазода суханронӣ намуда, аҳамияти баргузории чунин ҳамоишҳои илмиро дар омӯзишу таҳлили дастовардҳои бостоншиносӣ, табодули таҷрибаи илмӣ ва тақвияти фаъолияти таҳқиқотию тарғиботӣ дар самти ҳифзу муаррифии мероси таърихию фарҳангии кишвар муҳим арзёбӣ кард.
Зикр гардид, ки омӯзиши ҳамаҷонибаи ёдгории бостонии Панҷакент барои боз ҳам амиқтар дарк намудани таърихи давлатдорӣ, фарҳанг, ҳунар, анъанаҳои шаҳрсозӣ ва ҳаёти иҷтимоию иқтисодии ниёгони тоҷикон аҳамияти бузурги илмӣ дорад.
Панҷакенти қадим яке аз ёдгориҳои нодир ва муҳимми таърихию фарҳангии Осиёи Марказӣ ба ҳисоб рафта, бо бозёфтҳои нодири бостоншиносӣ, деворнигораҳои арзишманд ва осори меъмории худ дар омӯзиши тамаддуни суғдиён мавқеи хосса дорад. Бозёфтҳои ин шаҳри бостонӣ на танҳо аз сатҳи баланди шаҳрсозӣ, санъати меъморӣ ва ҳунармандии ниёгон шаҳодат медиҳанд, балки ҳамчун сарчашмаи муҳими илмӣ барои омӯзиши ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии сокинони минтақа дар асрҳои миёна хизмат мекунанд.
Мавриди зикр аст, ки Панҷакенти қадим ба давраи асрҳои V–VIII мансуб буда, аз чор қисми асосӣ — шаҳристон, қалъаи шоҳ, работ ва некропол иборат буд. Сохтори шаҳрсозӣ, бозёфтҳои нодир ва осори ҳунарии он аз рушди тамаддуни шаҳрнишинӣ ва фарҳанги волои сокинони Суғди қадим шаҳодат медиҳанд.
Баргузории чунин конференсияҳои илмӣ барои ҷамъбасту таҳлили натиҷаҳои таҳқиқоти бостоншиносӣ, густариши ҳамкориҳои илмӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба омӯзишу ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.



