Ободии диёр аз тозагии ҳар гӯшаи он оғоз меёбад

14 ноябри соли 2026 дар Муассисаи давлатии «Осорхона-мамнуъгоҳи ҷумҳуриявии ба номи Восеъ» бо мақсади вусъат бахшидан ба корҳои ободонию созандагӣ, таъмини тозагии муҳити атроф ва беҳтар намудани ҳолати санитарию экологии ҳудуди муассиса шанбегии дастаҷамъона баргузор гардид.

Дар рафти шанбегӣ кормандони муассиса бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва иштироки фаъолона дар корҳои ободонӣ саҳм гузошта, ҳудуди осорхона-мамнуъгоҳ ва гирду атрофи онро тоза онамуданд. Аз ҷумла, корҳои рӯбучин, ҷамъоварии партовҳо, тоза намудани роҳравҳо ва ба тартиб даровардани муҳити атроф анҷом дода шуданд.

Ҳадафи баргузории чунин чорабиниҳо баланд бардоштани фарҳанги тозагӣ, таҳкими ҳисси масъулиятшиносӣ нисбат ба муҳити зист ва фароҳам овардани шароити мусоиди санитарӣ мебошад.

Зикр кардан ба маврид аст, ки нигоҳдории тозагӣ ва ободонии ҳудуди муассисаҳои фарҳангӣ, бахусус осорхонаҳо ва мамнуъгоҳҳо, ҷузъи муҳими муносибати ғамхорона ба арзишҳои таърихию фарҳангӣ ба ҳисоб меравад.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top