Борбади Марвазӣ яке аз чеҳраҳои барҷастаи таърихи фарҳангу мусиқии тоҷик форсу ба шумор рафта, бо истеъдоди фавқулода, маҳорати баланди ҳунарварӣ ва саҳми арзандааш дар рушди санъати мусиқии Шарқ мақоми хосса дорад.
Борбад дар асрҳои VI–VII мелодӣ, дар давраи давлатдории Сосониён зиндагӣ ва эҷод карда, ҳамчун мусиқидон, оҳангсоз, сароянда ва навозандаи соҳибистеъдод шуҳрат ёфтааст. Фаъолияти ҳунарии ӯ бештар ба дарбори шоҳаншоҳи сосонӣ Хусрави Парвиз (солҳои 590–628) иртибот дошта, маҳорати баланди иҷроӣ ва эҷодиёти нотакрораш ӯро ба яке аз маъруфтарин намояндагони санъати мусиқии замони худ табдил додааст.
Борбади Марвазӣ бо номҳои Борбади Ромишгар, Паҳлапат, Фаҳлбад ва Фаҳлбоз низ дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ ёд мешавад. Ӯ аз овони ҷавонӣ ба омӯзиши шеъру мусиқӣ машғул гардида, асосҳои амалӣ ва назариявии ин ҳунарро аз падар ва дигар устодони замони худ фаро гирифтааст. Қисмати муҳими фаъолияти омӯзишӣ ва ҳунарии ӯ дар шаҳри Марв, ки яке аз марказҳои муҳими фарҳангии давраи Сосониён маҳсуб меёфт, ҷараён гирифтааст.
Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳои таърихию адабӣ, Борбад дар ташаккул ва низоммандсозии санъати мусиқӣ саҳми назаррас гузоштааст. Ӯро муаллифи 30 лаҳн, 365 оҳангу тарона ва ҳафт достони мусиқии «Хусравонӣ» медонанд. Асари силсилавии мусиқии ӯ бо номҳои «Дастони Хусравонӣ», «Роҳи Хусравонӣ» ва дар сарчашмаҳои арабӣ бо унвони «Тариқат-ал-мулукия» низ маъруф аст. Ин маҷмуа хусусияти ҳамосию таърихӣ дошта, ба шоҳаншоҳи сосонӣ Хусрави Парвиз бахшида шудааст.
Осори Борбад дар рушди анъанаҳои мусиқии классикии Шарқ, бахусус ташаккули низоми мақомҳо ва санъати иҷроии мусиқӣ, таъсири назаррас гузоштааст. Ҳамчунин, номи ӯ бо пайдоиш ва рушди яке аз сабкҳои қадимии мусиқии тоҷикӣ – «Марвӣ», «Марвича» ва «Марвихонӣ» алоқаманд дониста мешавад. Ин анъанаи эҷодию иҷроӣ то имрӯз дар баъзе шаклҳои мусиқии мардумии тоҷикон идома дорад.
Шахсият ва фаъолияти ҳунарии Борбади Марвазӣ дар осори адибони маъруфи форсу тоҷик, аз ҷумла Фирдавсӣ, Низомӣ ва Амир Хусрав, инъикос ёфтааст. Дар осори адабӣ ва таҳқиқоти илмии давраҳои гуногун аз ӯ ҳамчун ҳунарманди соҳибмактаб ва яке аз поягузорони анъанаҳои мусиқии касбии Шарқ ёд мешавад.
Тавре аз ҷониби Сарвари давлат таъкид гардидааст, Борбад, ки дар асрҳои VI–VII мелодӣ дар замони давлатдории Сосониён зиндагӣ ва эҷод кардааст, аз ҷониби олимону коршиносони маъруфи ҷаҳон ҳамчун яке аз нахустин донандагони илми мусиқӣ ва оҳангсози касбии қаламрави ориёӣ эътироф гардидааст.
Ба андешаи муҳаққиқони Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, ворид намудани номи Борбади Марвазӣ ба Феҳристи шахсиятҳои барҷастаи фарҳангии ЮНЕСКО иқдоми муҳим ва саривақтӣ буда, барои муаррифии шоистаи мероси таърихию фарҳангии миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ мусоидат менамояд.
Мероси ҳунарии Борбади Марвазӣ имрӯз низ ҳамчун ҷузъи арзишманди тамаддуни фарҳангии халқҳои форсизабон мавриди омӯзишу таҳқиқ қарор дорад. Арҷгузорӣ ба шахсият ва осори ӯ, муаррифии дастовардҳои ҳунарии ин мусиқидони бузург ва ҳифзи анъанаҳои мусиқии миллӣ дар таҳкими худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърихи ниёгон ва муаррифии фарҳанги тоҷикон дар сатҳи байналмилалӣ аҳаммияти муҳим дорад.





