ШАНБЕГИИ ДАСТАҶАМЪОНА ДАР МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ «МAМНУЪГОҲИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГИИ ҲУЛБУК»

21 ноябри соли 2026 дар Муассисаи давлатии «Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳулбук» бо мақсади саҳмгузорӣ дар корҳои ободонию созандагӣ, таъмини тозагии муҳити атроф ва беҳтар намудани ҳолати санитарию экологии ҳудуди муассиса шанбегии дастаҷамъона баргузор гардид.

Зимни баргузории чорабинӣ кормандони муассиса бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ дар корҳои ободонӣ фаъолона иштирок намуда, ҳудуди мамнуъгоҳ ва гирду атрофи онро аз партовҳо тоза карданд. Ҳамзамон, корҳои рӯбучин, ҷамъоварии партовҳо ва ба тартиб даровардани муҳити атроф анҷом дода шуданд.

Қобили зикр аст, ки ҳифзи арзишҳои таърихию фарҳангӣ танҳо бо нигоҳдории ёдгориҳо маҳдуд нагардида, ободонӣ ва тозагии муҳити атрофро низ дар бар мегирад.

Кормандони Муассисаи давлатии «Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳулбук» минбаъд низ дар корҳои ободонию созандагӣ фаъолона иштирок намуда, барои ҳифзи муҳити зист, нигоҳдории мероси таърихию фарҳангӣ ва тозагии ҳудуди мамнуъгоҳ саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top