Дар ҳудуди Қалъаи Ҳисор мебошад. Асоси мадрасаро ҳавлии росткунҷашакли аз дохил ба масоҳати 27 х 26 м ва аз берун 50 х 45 м ташкил медиҳад. Ҳавли бо 27 ҳуҷраи муҳассилин, ки ҳар кадом дар ҳаҷми 3 х 4 м. мебошад, инчунин масҷид, дарсхонаҳо ва биноҳои фаръи иҳота шудааст. Пештоқи бино ба суи Регистон нигаронида шудааст. Ҳамаи ҳуҷраҳо бо гумбаз ва ё равоқ дар сабки балхӣ пӯшида шудаанд. Мадраса мансуби қарнҳои XVI – XVII мебошад.



