Дар ҳудуди Қалъаи Ҳисор, байни мадрасаҳои Нав ва Кӯҳна ҷойгир аст. Таҳоратхона яке аз анвоъи иншооти нодири маҳфуз мебошад, ки дар назди масҷиду мадрасаҳо бунёд мешуд. Сохтмоне мушабеҳ ба сохтмони таҳоратхонаи муҷтамаи Ҳисор вуҷуд надорад. Ба қарнҳои XV- XVII мансуб мебошад.



