“Хутали қадим – пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ–форсӣ ва тамаддуни бостонии минтақаи Осиёи Марказӣ”

Бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Симпозиуми байналмилалии “Хутали қадим – пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ–форсӣ ва тамаддуни бостонии минтақаи Осиёи Марказӣ”-ро рӯзҳои 10-14 майи соли 2026 дар ҳудуди Хутали бостонӣ баргузор менамояд.

Чорабинии мазкур ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуда, дар он меҳмонон, олимон ва муҳаққиқони дохилию хориҷӣ ва корпусҳои дипломатии муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок менамоянд.

Ҳадафи баргузории Симпозиум, тарғиб, омӯзиш ва муарифии дастовардҳои миллати тоҷик дар давраи Истиқлоли давлатӣ дар самти таъриху фарҳанги миллӣ ва  ташаккули забони тоҷикӣ-форсӣ ва таҳкими ҳамкориҳои илмӣ-фарҳангӣ мебошад.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top