ДУШАНБЕ, 11.05.2026 Тавре қаблан иттилоъ додем, аз 10 то 14 майи соли равон бо дастгирии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ва ташаббуси Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Симпозиуми байналмилалӣ, таҳти унвони «Хутали қадим — пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ-форсӣ ва тамаддуни бостонии Осиёи Марказӣ» баргузор мегардад. Имрӯз дар шаҳри Бохтар Симпозиум расман оғоз гардида, чорабиниҳои дигари он рӯзҳои минбаъда дар ноҳияҳои Восеъ ,Ховалинг,Балҷувон ва шаҳри Норак идома меёбанд.
Дар ҳамоиш олимон, муҳаққиқон, таърихшиносон, бостоншиносон ва меҳмонон аз дохил ва хориҷи мамлакат иштирок намуда, доир ба таърихи Хутал, нақши он дар ташаккули забони тоҷикӣ-форсӣ ва тамаддуни бостонии минтақа, маърӯза ва мусоҳибаҳо анҷом медиҳанд.
Барномаи ҳамоиш баргузории нишастҳои илмӣ, боздид аз ёдгориҳои таърихӣ ва чорабиниҳои фарҳангиро дар бар мегирад.
Тибқи барнома, 11 май дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон Симпозиуми байналмилалӣ таҳти унвони «Хутали қадим — пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ-форсӣ ва тамаддуни бостонии Осиёи Марказӣ» баргузор мегардад.
12 май иштирокчиёни Симпозиум ба шаҳристони Ҳулбуки ноҳияи Восеъ сафар карда, бо ҳафриётҳои бостоншиносӣ дар ин мавзеъ шинос мешаванд. Инчунин дар ин рӯз дар Қасри фарҳанги ноҳияи Восеъ филми мустанади «Хутали қадим» муаррифӣ мегардад.
Меҳмонону иштирокчиёни ҳамоиши байналмилалӣ дар ин рӯз,ҳамчунин ба ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон сафар карда, бо мавзеи таърихӣ-табиии Кулдара, Осорхонаи асри санги Ховалинг ва осорхонаи таъриху кишваршиносии ноҳия шинос гардида дар барномаи фарҳангии Шоми дӯстии ноҳия иштирок менамоянд.
13 май иштирокчиёни Симпозиум, ҷиҳати шиносоӣ ба таъриху фарҳанги халқи тоҷик аз «Қалъаи Балҷувон»-и ноҳияи Балҷувон дидан менамоянд.










АКС: Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


