ОМОДАГӢ БА ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН»

  Тибқи Нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи дуюми соли 2026 ва бо мақсади арҷгузорӣ ба мероси ғании таърихию фарҳангии миллат, аз ҷониби Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои омодагӣ ба Озмуни ҷумҳуриявии «Ганҷинаи таърих ва фарҳанги тоҷикон», ки моҳи ноябри соли равон ҷамъбаст мегардад, оғоз гардиданд.

   Дар доираи корҳои омодагӣ баргузории машварату вохӯриҳо, таҳияи барномаҳо, ба ҷалби мутахассисон ва омӯзиши ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ба роҳ монда шудааст. Ҳамзамон, ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани Озмун тадбирҳои мушаххаси ташкилӣ андешида шуда, корҳои таблиғотию иттилоотӣ низ вусъат меёбанд.

   Ҳадафи асосии озмуни «Ганҷинаи таърих ва фарҳанги тоҷикон», ин баланд бардоштани ҳисси худшиносиву ватандӯстӣ, тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва муаррифии мероси нодири таърихию фарҳангии халқи тоҷик ба насли ҷавону наврас мебошад.

    Озмуни мазкур бо ҷалби васеи донишҷуёни макотиби олии кишвар, дар шаҳри Душанбе ҷаъбаст мегардад.

   Маълумотҳои иловагиро доир ба озмун, метавонед аз сомонаи Агентӣ (meros.tj) дарёфт намоед.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top