Мақбараи Хоҷа Дурбод дар ҳудуди деҳаи Сайёди ноҳияи Шаҳритӯс ҷой гирифта, аз хишти пухта сохта шудааст. Хусусияти хоси мақбара ин гумбази консулшакл ва толори ҳаштгӯшаи он мебошад, ки тарҳи берунааш чаҳоркунҷа аст. Санагузорӣ: ба қарнҳои XI – XII мелодӣ мансуб аст. Соли 2003 пурра тармими гардид.



