Ба Ватан овардани хоки қаҳрамонон ва шахсияти барҷастае, ки барои таъсис ва пойдории Ҷумҳурии Шуравии Тоҷикистон бо туҳмату буҳтон қурбони сиёсати ноҳақ гардида, ҷони азизи худро аз даст додаанд
Таърихи ҳар миллат бо номи фарзандони фарзона ва қаҳрамонони содиқаш зиндаву ҷовид мемонад. Мардуми тоҷик низ аз ҷумлаи миллатҳое мебошанд, ки дар роҳи ташаккули давлатдорӣ, ҳифзи фарҳанг ва пойдории миллат шахсиятҳои барҷастаро ба майдони таърих овардааст. Дар оғози асри ХХ, махсусан дар давраи таъсиси Ҷумҳурии Шуравии Тоҷикистон, гурӯҳе аз фарзандони бонангу номуси миллат барои ҳуқуқу манфиатҳои тоҷикон мубориза бурданд. Аммо қисми зиёди онҳо дар солҳои таъқибу саркӯбии сиёсӣ бо туҳмату буҳтон гунаҳкор дониста шуда, қурбони сиёсати золимонаи замон гардиданд.
Аз ҷумла; Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад аз шахсиятҳое мебошанд, ки дар роҳи таъсис ва пойдории давлати тоҷикон хизматҳои бузург намуда, дар ниҳоят бегуноҳ ба қатл расонида шуданд. Гиромидошти номи онҳо ва масъалаи ба Ватан овардани хоки ин фарзандони фарзонаи миллат яке аз вазифаҳои муҳими маънавӣ ва таърихии ҷомеаи тоҷик ба шумор меравад.
Имрӯз, вақте, ки хоки рамзии маҳаллӣ дафни қаҳрамонони Тоҷикистон- Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва шахсияти барҷаста Нисор Муҳаммад ба сарзамини аҷдодӣ оварда шуд, қалби ҳар як фарзанди тоҷик аз эҳсоси ифтихор ва муҳаббат ба ватан лабрез гардид. Ин рӯйдод танҳо бозгашти хоки рамзӣ нест, балки бозгашти рӯҳ, номус, хотира ва садоқати фаорзандони фарзонаи миллат ба оғуши Тоҷикистони азиз аст.
Ин иқдоми таърихӣ ва пурифтихор ҳамчун ташаббуси беназир ва наҷиби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи эҳёи адолати таърихӣ, пос доштани мақому манзалат ва арҷгузорӣ ба хизматҳои фарзандони фарзонаву содиқи миллат мебошад, ки аҳамити бузурги маънавию миллӣ дорад.
Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур аз ҷумлаи поягузорони давлатдории навини тоҷикон буданд, ки барои ҳастии миллати тоҷик, барои соҳибномиву соҳибдавлатии ин халқ мубориза бурдаанд. Нисор Муҳаммад бошад, яке аз ходимони намоёни давлатӣ ва поягузори соҳаи маориф дар кишвар мебошад. Ин абармардон бо баҳои ҷони хеш барои ҳифзи манфиатҳои миллат, таҳкими давлатдории тоҷикон, рушди илму маориф ва бедории худшиносии миллӣ хизмат намуда, номи худро дар саҳифаҳои таърихи халқи тоҷик ҷовидона сабт карданд.
Гаҳе, ки Пешво пеши Бузургон сар фуруд овард,
Замону қудрату таъриху имкон сар фуруд овард.
Сиёсат об шуд, таълими Юнон сар фуруд овард
Ва хуршед аз сари бурҷи Бадахшон сар фуруд овард
Ва ҳар шогирди маъсуми дабистон сар фуруд овард,
Дар он соат тамоми Тоҷикистон сар фуруд овард.
Чу медиданд гашти корвони эҳтиромиро,
Ки рӯи дида мебурданд он хоки гиромиро,
Дарахтони хиёбон бо адаб таъзим мекарданд,
Тамоми мардуми олинасаб таъзим мекарданд
Ва ҳатто душманон ҳам зери лаб аҳсант мегуфтанд,
Ва ё пеши ҳақиқат бо ғазаб таъзим мекарданд.
Сухан гар қудрате медошт мегуфтам ва мегуфтам
Чи сон аз мармари санги хиёбон ашк ҷорӣ шуд
Миёни ҷабри таърихиву пирӯзии имрӯзӣ,
Зи санги ҳайкали Айнӣ ба майдон ашк ҷорӣ шуд.
Чи сузон ашк ҷорӣ шуд.
Ки мо имрӯз рӯи дигари таърихро дидем,
Ки мо имрӯз ашки модари таърихро дидем,
Ки мо имрӯз дар чархи адолат барқро дидем,
Ки мо имрӯз истиқлоли кулли Шарқро дидем!
Бузургиву фидокории як фарзандро дидем,
“Бузургонро бузургон зинда медаранд,-ро дидем.
Садои ман агар чун раъд авҷи осмон медошт,
Ба ҷои шеър тӯфони замон эъҷод мекардам!
Ба гӯши кари таърих ман фарёд мекардам!
Ва мегуфтам,
Ки ин андеша бо куштан намемирад,
Ва мегуфтам, табори қаҳромони ман намемирад
Ва мегуфтам, ки онҳо зиндаанд, имрӯз меоянд!
Ҷавону бовиқору фотеҳу пирӯз меоянд.
Ва даъватнома медодам, ки имрӯз Анҷуман доранд,
Кионҳо соҳибу мулку Ватан доранд!
Ва мегуфтам ба по хезед! Кори Анҷуман оғоз мегардад,
Раиси қаҳрамон, Махдуми аъзам боз мегардад.
Ба минбар меравад аз ДАВЛАТИ ТОҶИК боз мегуяд,
Ба миллат ҷашни ИСТИҚЛОЛро табрик мегуяд
Бапо истед! Инак раҳбари огоҳ меояд,
Шаҳиди зиндаи Таърих Шириншоҳ меояд!
Малоле нестнест гар ӯ бар маросим дер меояд,
Ки ӯ аз осмонҳо аз раҳи Помир меояд!
Ва мегуфтам ба гуши он, ки тарс аз форсӣ дорад:
Нисори ҷоннисор омад ва дарс аз форсӣ дорад
Гаҳе, ки Роҳбари давлат рисолатро адо мекард,
Ва хоки қарамононро ба чашмаш тутиё мекард,
Пас аз садсолаҳо асли адолатро ба по мекард,
Ҳама дидем неру чавҳари фари каёни чист,
Ҳама дидем фарҳанги бузурги ориёнӣ чист,
Ва оини ватандориву расми қаҳрамонӣ чист.
Ва маънии ҳаёти ҷовидонӣ чист
Ту акнун миллати тоҷикро кӯҳи сипар гаштӣ,
Тамоми зиндагону мурдагонашро Падар гаштӣ,
Ту ҳам дар мактаби ин қаҳрамонон қаҳрамон гаштӣ,
Ту ҳам дар дафтари таърих номи ҷовидон гаштӣ.
Ту чун маънии нав дар вожаи тоҷик ҷо гаштӣ,
Ту бар таърих пирӯз омадӣ, то Пешво гаштӣ.
Ба Ватан овардани хоки чунин фарзандони содиқи миллат аҳамияти бузурги маънавӣ ва таърихӣ дорад. Ин амал рамзи эҳтиром ба гузашта, қадршиносии хизматҳои онҳо ва арҷгузорӣ ба муборизони роҳи озодӣ ва давлатдорӣ мебошад.



