РӮНАМОИИ БАРНОМАИ РАҚАМИКУНОНИИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

Имрӯз дар Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯнамоии барномаи «Таҳия ва рақамикунонии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва меъморию монументалӣ» баргузор гардид.

Чорабиниро директори Агентӣ Хоҷазода Шералӣ Раҷаб ифтитоҳ намуда, оид ба аҳаммияти рақамикунонӣ дар самти ҳифз ва муаррифии мероси таърихию фарҳангӣ дар шароити рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ суханронӣ кард. Зикр гардид, ки истифодаи технологияҳои муосир имкон медиҳад, то  ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ба таври муассир ҳифз гардида, дастрасии муҳаққиқон, мутахассисон дар доираи васеи ҷомеа ба маълумот дар бораи онҳо таъмин карда шавад.

Дар идома, мутахассиси пешбари Раёсати илмӣ-истеҳсолӣ ва техникӣ Фирӯз Холиқов ҷанбаҳои илмӣ, амалӣ ва техникии татбиқи барномаи мазкурро шарҳ дода, имкониятҳо ва самтҳои асосии фаъолияти онро ба иштирокдорон муаррифӣ намуд.

Зимни рӯнамоӣ таъкид гардид, ки рақамикунонии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ яке аз роҳҳои муҳими ҳифзи мероси миллӣ буда, барои омӯзиш, таҳқиқ ва муаррифии онҳо дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Дар анҷоми чорабинӣ иштирокдорон доир ба такмили минбаъдаи барнома таклифу пешниҳодҳои худро иброз намуда, омодагии худро барои ҳамкорӣ дар татбиқи лоиҳаҳои рақамикунонӣ баён карданд.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top