РАҚАМИКУНОНИИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

     Бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷониби Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барономаи рақамикунонии ёдгориҳои таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва роҳандозӣ гардидааст.

    Мақсади асосии ин иқдом ҳифз, омӯзиш ва муаррифии мероси бойи таърихию фарҳангии кишвар бо истифода аз технологияҳои муосири рақамӣ мебошад. Дар доираи баронома маълумоти мукаммал оид ба ёдгориҳои таърихӣ, меъморӣ, бостони, манументали, осорхонаҳо ва дигар объектҳои мероси фарҳангӣ ҷамъоварӣ карда шуда ва дар шакли электронӣ пешниҳод карда мешавад.

    Рақамикунонӣ имкон медиҳад, ки маълумот дар бораи ёдгориҳо, аз ҷумла таърихи пайдоиш, мавқеи ҷуғрофӣ, хусусиятҳои меъморӣ, арзиши илмӣ ва фарҳангии онҳо дақиқ сабт ва барои истифодаи муҳаққиқон, донишҷӯён, сайёҳон ва дигар шаҳрвандон дастрас гардад. Ҳамзамон, истифодаи технологияҳои рақамӣ ба ҳифзи мероси фарҳангӣ, иттилоотӣ ва муаррифии фарҳангу тамаддуни тоҷикон дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ мусоидат менамояд.

    Татбиқи ин барономаи қадами муҳим дар самти ҳифз ва тарғиби мероси таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, барои баланд бардоштани маърифати фарҳангӣ, рушди илм, сайёҳӣ ва таҳкими худшиносии миллӣ аҳамияти калон дорад. Бо шарофати рақамикунонӣ, ганҷинаи таърихию фарҳангии миллат барои наслҳои имрӯз ва оянда ба таври устувор ҳифз ва дастрас мегардад.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top