ДУШАНБЕ, 10.06.2026 Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби «Хуттали Қадим» аз чоп баромад.
Китоб дар асоси маводҳои бостоншиносии пойтахти Хуттали Қадим – шаҳри Ҳулбук ва шаҳрҳои атрофи он нашр шудааст. Китоб барои мутахассисон – таърихшиносон дар доираи васеи хонандагоне пешбинӣ шудааст, ки ба таърихи Хуттали Қадим шавқ доранд.
Натиҷаҳои таҳқиқоти пешниҳодшуда нишон медиҳанд, ки Хуттали Қадим ҳамчун яке аз ҳавзаҳои муҳими таърихию фарҳангии Осиёи Марказӣ дар ташаккули равандҳои тамаддунӣ ва ҳувияти миллии халқи тоҷик нақши барҷаста дорад.
Ин ёдгориҳои муҳими таърихӣ ба аввалин нусхаи пешниҳоди «Ҳулбук – пойтахти Хуттали Қадим», ки аз ҷониби муаллифони ҳамин китоб ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО пешниҳод шудааст, ворид гардидаанд.
Тавре ки дар китоб дарҷ шудааст, ҳудуди Хуттал дорои ҳамаи намудҳои осори бостонӣ, меъморӣ ва таърихӣ-табиӣ мебошад, ки давлати шукуфон ва ободи Хутталро дар давраи аз асри санг то ворид шуданаш ба ҳайати империяи Сомониён инъикос менамоянд. Он аз гурӯҳи ҷузъҳое иборат аст, ки ба таври пурра таърихи пайдоиш ва рушди шаҳр, сохтори шаҳрсозӣ ва инчунин инфрасохтори берунии онро инъикос мекунанд.
Бояд иброз намуд, ки дар Тоҷикистон ёдгориҳои зиёди таърихие ба мерос мондаанд, ки як қисми онҳо аз ҷиҳати аҳамияти таърихӣ ҳамто надоранд. Ин ёдгориҳо диққати сайёҳонро бештар ҷалб менамоянд. Ёдгориҳои таърихиву фарҳангии Хуттали Қадим, ки соли 2025 ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуданд, аз ин ҷумлаанд. Номинатсия 11 ёдгории бостоншиносӣ ва меъмории воқеъ дар ноҳияҳои Восеъ, Данғара, Ҷалолиддини Балхӣ, Фархор ва Ховалинги вилояти Хатлонро дар бар мегирад.
Ба ин номинатсия ёдгории таърихии Дайри Буддоии Аҷинатеппа, Қалъаи Ҳулбук, Шаҳристони Ҳулбук, Шаҳраки Манзаратеппа, Қалъаи Золи Зард, Мақбараи Мавлоно Тоҷиддин, Шаҳраки Ҳалевард (Кофирқалъа), Шаҳристони Золи Зар, Корвонсаройи Тоҳир, Шаҳртеппа ва Дайри Буддоии Хишттеппа дохил мешаванд. Яке аз мавзеъҳои асосии номинатсия маҷмааи бостоншиносии «Қалъаи Хулбук» – пасмондаҳои қасри пойтахти Хуттали Қадим аст, ки мероси он бо шарофати маҷмуи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳё гардид.



