Ин дайри мағории насронӣ дар масофаи 17 километр ҷануби деҳаи Айвоҷи Ноҳияи Шаҳритус, дар соҳили рости дарёи Амударё воқеъ гардидааст.
Ғорҳо дар қабатҳои варақсанги нишебии теппа кофта шуда, аз долонҳо, толорҳо ва ҳуҷраҳои гуногун иборат мебошанд. Дар дохили толорҳо суфаҳо ҷой гирифта, онҳоро роҳравҳо бо ҳуҷраҳои калон мепайванданд. Сақфи аксари ҳуҷраҳо шакли гумбаз дошта, дар яке аз онҳо салиби ошурӣ кандакорӣ шудааст, ки аз мавҷудияти фарҳанги насронӣ дар ин минтақа шаҳодат медиҳад.
Ба гуфтаи муҳаққиқон, Маҷмаъаи Мағори Айвоҷ ба асрҳои V–VIII мелодӣ мансуб буда, яке аз намунаҳои камназири мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ин ёдгорӣ барои омӯзиши таърихи, меъморӣ ва тамаддуни қадимаи минтақа аҳамияти бузурги илмӣ дорад.
Имрӯз Маҷмааи Мағори Айвоҷ ҳамчун як мавзеъи муҳими сайёҳию таърихӣ таваҷҷуҳи муҳаққиқон ва дӯстдорони мероси фарҳангиро ба худ ҷалб намудааст.



