Қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти ҳифзу нигаҳдории ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ.

Даҳуми июни соли 2026, таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода ҷаласаи навбатии Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум, баргузор гардид.                                                     

Дар қатори дигар  масъалаҳои  рӯзномаи ҷаласа, се лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзу нигоҳдории ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, аз ҷумла “Дар бораи лоиҳаи Ҷумҳурии Тоҷикистон   “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фарҳанг”, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ” ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйир ба қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи берун баровардан ва ворид намудани сарватҳои таърихию фаҳангӣ”, бо пешниҳод ва шарҳу тавзеҳоти директори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хоҷазода Ш. Р. муҳокима ва барассӣ гардида қарорҳои дахлдор қабул гардид.          Тағйиру иловаҳо ба қонунҳои қабулгардида самти фаъолияти Агентиро танзим намуда, бобати пешбурди фаъолияти муваффақона ва минбадаи он шароити ҳуқуқӣ фароҳам меорад.                                   

Ҳамунин аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иваз намудани номи Муассисаи давлатии Иттиҳодияи илмию истеҳсолӣ ва таъмиру истифодаи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ” ба Муассисаи давлатии “Пажуҳишгоҳи миллии таъмиру барқарорсозии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ” аз 28.05.2026, № 301 ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи ворид намудани тағйир ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.04.2004, № 172” аз 28.05.2026, № 303 ба тасвиб расид.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top