Дар ҳудуди деҳаи Лангар, ки дар масофаи 130 километр ғарбтар аз маркази ноҳияи Ишкошим ҷойгир аст, тақрибан 6000 сангнигора кашф шудааст. Ин ёдгори нодири таърихӣ аз арзишмандтарин осори фарҳангии минтақа ба шумор мераванд.
Дар рӯи сангҳо тасвирҳои ҳайвоноти гуногун, одамон ва саҳнаҳои ҳаёти рӯзгор ҳаккокӣ шудаанд, ки аз таърихи куҳан ва ҷаҳонбинии сокинони он давра шаҳодат медиҳанд.
Ба гуфтаи мутахассисон, ин сангнигораҳо ба давраи асри биринҷӣ то асрҳои миёнаи барвақт мансуб буда, ба ҳазорсолаи II пеш аз милод то асри VII милодӣ тааллуқ доранд. Сангнигораҳои Лангар имрӯз ҳамчун мероси гаронбаҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон таваҷҷуҳи муҳаққиқон ва дӯстдорони таърихро ба худ ҷалб намуда, барои рушди сайёҳии фарҳангӣ низ аҳамияти хос доранд.



