Паёми табрикотии директори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 29-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Ҳамватанони азиз!

    Бо эҳсоси баланди ифтихор ва арҷгузорӣ ба яке аз муҳимтарин дастовардҳои таърихии даврони соҳибистиқлолӣ, Шуморо ба муносибати 29-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ самимона табрик ва таҳният менамоям.

   Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ҳамчун санаи муҳиму сарнавиштсоз дар таърихи навини давлатдории тоҷикон рамзи сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмӣ, созандагӣ ва муттаҳидии мардуми Тоҷикистон мебошад. Ин дастоварди бузург ба шарофати сиёсати хирадмандона ва талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иродаи қавии мардуми сарбаланди тоҷик ба даст омада, барои рушди устувори давлат ва ҷомеа заминаи мусоид фароҳам овард.

   Дар партави Ваҳдати миллӣ, кишвари азизамон дар ҳамаи самтҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Эҳё ва ҳифзи мероси таърихию фарҳангии миллат низ маҳз дар фазои ҳамин сулҳу субот ва ваҳдати комили ҷомеа, имкони рушди бесобиқа пайдо намуд.

  Имрӯз ҳифз, омӯзиш, тармим ва муаррифии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун бахши муҳими сиёсати фарҳангии давлат мавқеи хосса дорад.

   Мероси гаронбаҳои ниёгон, омили муҳими таҳкими худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба таъриху тамаддуни тоҷикон ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ мебошад.

   Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро баҳри ҳифзи арзишҳои нодири таърихиву фарҳангии кишвар, омӯзиши ҳамаҷонибаи онҳо ва муаррифии шоистаи мероси миллӣ дар арсаи байналмилалӣ идома дода, дар ин самт ҳамкории судмандро бо муассисаҳои давлатӣ, муҳаққиқон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ тақвият мебахшад.

   Дар ин рӯзи таърихӣ ба ҳамаи кормандони соҳаи фарҳанг, олимон, бостоншиносон, муҳаққиқон, мутахассисони соҳаи ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва кулли мардуми шарифи Тоҷикистон барои саҳми арзандаашон дар таҳкими ваҳдати миллӣ ва ҳифзи арзишҳои фарҳангии кишвар арзи сипос менамоям.

   Бигзор Ваҳдати миллӣ ҳамчун неъмати бебаҳо ва пояи устувори давлатдории тоҷикон ҳамеша пойдор бошад, сулҳу субот ва оромӣ дар саросари мамлакат ҳукмфармо монда, Тоҷикистони соҳибистиқлол рӯз аз рӯз ободу пешрафта гардад.

Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборак!

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top