ҲАФРИЁТИ БОСТОНШИНОСӢ ДАР ҚАЛЪАИ МУҒИ ИСТАРАВШАН

     Бо ибтикори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати идомаи омӯзиши ёдгории бостонии Қалъаи Муғ дар шаҳри Истаравшан аз 1.06.2026 то 30.06.2026 экспедитсияи навбатии бостоншиносӣ ташкил карда шуд. Роҳбарии экспедитсияро бостоншинос Шароф Қурбонов ба уҳда дошта, дар корҳои ҳафриётӣ бостоншиносон Фирӯз Аминов ва Анушервон Хоҷаев низ иштирок доранд.

  Дар ҷараёни корҳои ҳафриётӣ аз ҷониби бостоншиносон панҷ ҳуҷра ва ду чоҳи партовии қадима ошкор гардид. Таҳқиқот нишон дод, ки қабатҳои болоӣ ва яке аз чоҳҳои партов ба асрҳои XVII–XIX мансуб мебошанд. Аз ин қабати маданӣ зарфҳои гуногуни сирдор бо нақшу нигори наботӣ ва ҳандасӣ, зарфҳои бесир, каланд, табари оҳанӣ ва қисми пойафзоли чармӣ бозёфт шуданд.

  Деворҳои ҳуҷраҳои кашфшуда аз хишти хом сохта шуда, дар канори деворҳо нишастгоҳҳо мавҷуд буданд. Яке аз ҳуҷраҳо толори васеъ буда, дар дохили он оташкада ошкор гардид.

Аз дохили ҳуҷраҳо ва яке аз чоҳҳои партов шумораи зиёди бозёфтҳо, аз ҷумла косаву пиёла, ҷом, дег, хум ва дигар зарфҳои сафолӣ ба даст омаданд. Сатҳи баъзе аз зарфҳо бо ранги сурх оро дода шуда, хумҳо бо нақшу нигори дастӣ зиннат ёфтаанд. Дар маҷмӯъ, бозёфтҳои қабати поёнии ҳафриёт ба давраи антиқа мансуб мебошанд. Ороиши зарфҳои сафолии ошкоршуда аз сатҳи баланди ҳунармандӣ ва завқи зебоипарастии сокинони қадимаи Истаравшан шаҳодат медиҳад.

  Натиҷаҳои ҳафриёти имсола имкон доданд, ки дар объекти №3-и Қалъаи Муғ ду қабати фарҳангӣ муайян карда шавад: қабати болоӣ ба асрҳои XVII–XIX ва қабати поёнӣ ба давраи антиқа тааллуқ дорад. Ин натиҷаҳо барои омӯзиши таърихи шаҳр ва марҳилаҳои рушди он аҳаммияти муҳими илмӣ доранд.

   Қалъаи Муғ на танҳо ёдгории нодири бостоншиносӣ, балки рамзи таърих, фарҳанг ва тамаддуни чандинҳазорсолаи Истаравшан ба шумор меравад. Бостоншиносон бар ин назаранд, ки идомаи таҳқиқот дар ин мавзеъ имконият медиҳад саҳифаҳои нави таърихи минтақа ва тамаддуни қадимаи Тоҷикистон равшан гарданд.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top