Мақбараи Муборакқадами Вахонӣ

Мақбараи Муборакқадами Вахонӣ, ки дар қисмати шимолии деҳаи Ямги ноҳияи Ишкошим, назди Осорхонаи Муборакқадам ҷойгир аст, аз ҷумлаи ёдгориҳои муҳими таърихию фарҳангии минтақа ба ҳисоб меравад. Ин мақбара ба хотираи Муборакқадам Абдуллоҳи Вахонӣ (1843–1902) — шоир, наққош, мунаҷҷим, ҳофиз ва суфӣ маъруфи тоҷик бунёд шудааст, ки бо осори илмӣ ва адабии худ дар рушди фарҳанги Вахон саҳми арзанда гузоштааст.

Бинои мақбара аз айвон ва гурхона иборат буда, дар ибтидои асри XX бо истифода аз сангу гил сохта шудааст. Имрӯз ин ёдгорӣ ҳамчун макони шиносоӣ бо мероси илмиву адабии Муборакқадами Вахонӣ мавриди таваҷҷуҳи сайёҳон, муҳаққиқон ва дӯстдорони таъриху фарҳанги миллӣ қарор дорад.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top