Димнаи Ваҳдат

     Димнаи Ваҳдат дар масофаи 6 км аз маркази ноҳияи Ҷиликул, дар ҳудуди хоҷагии деҳқонии «Ваҳдат» (минтақаи Тоҷикобод) воқеъ гардидааст.

     Маводи бозёфтшуда, аз ҷумла сафолпораҳо ва хишти пухта, инчунин қабати  (маданӣ)-и захомати 1,5–2 метр, ки аз бурриши заҳбури аз ин маҳал гузаранда мушоҳида мешавад, шаҳодат медиҳанд, ки масоҳати димна на камтар аз 5 гектар будааст.

Дар нишеби соҳилҳои заҳбур 9 адад хум ёфт шудааст. Дар соҳили муқобили заҳбур чоҳи об маҳфуз мондааст.

Санагузорӣ: Димна ба қарнҳои II–I пеш аз милод ва қарни I милодӣ мансуб аст.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top