Мақбараи Бекбулат дар қисми ғарбии ноҳияи Мурғоб, дар наздикии кӯли Яшилкӯл ҷойгир аст. Ин ёдгории таърихӣ аз гил ва хишти хом сохта шудааст. Дар назди мақбара корвонсарое низ мавҷуд буд, ки барои истироҳати корвонҳо хизмат мекард. Мақбара ба асрҳои XI–XII мансуб буда, яке аз ёдгориҳои арзишманди таърихию меъмории минтақа ба ҳисоб меравад.



