Роҳбарияти Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд аз ҷараён ва натиҷаҳои корҳои ҳафриёти археологӣ дар ёдгориҳои таърихии Панҷакенти Қадим, Саразм, Қаландар теппа, Қалъаи Муғ ва Куҳна Ҷинор боздид намуданд.
Зимни боздид роҳбарияти Агентӣ бо рафти корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, натиҷаҳои ҳафриёти археологӣ, бозёфтҳои нави илмӣ ва тадбирҳои амалишаванда ҷиҳати ҳифз, омӯзиш ва муаррифии мероси таърихию фарҳангии кишвар шинос гардиданд.
Дар идомаи сафар аз рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои маъмурии пойгоҳи бостоншиносии Истаравшан низ боздид ба амал оварда шуда, ба сифати корҳои иҷрошуда баҳои мусбат дода шуд.
Қайд гардид, ки таҳқиқоти археологӣ дар самти омӯзиши таърихи бостонии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифз ва муаррифии мероси таърихию фарҳангӣ, инчунин ғанӣ гардонидани захираи илмии кишвар аҳаммияти муҳим дошта, барои рушди илми бостоншиносӣ ва таҳкими худшиносии миллӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Дар анҷоми боздид, ба масъулин ҷиҳати идомаи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, таъмини ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва истифодаи самараноки натиҷаҳои таҳқиқот дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.





