Ғори Шахта дар ноҳияи Мурғоб ҷойгир аст. Дар девори ин ғор, дар баландии 4200 метр аз сатҳи баҳр, бо ранги минералии сурх 7 тасвири рӯисангӣ кашида шудаанд. Дар ин тасвирҳо саҳнаҳои шикори барзаговҳои ваҳшӣ инъикос ёфтаанд. Ин ёдгориҳо аз баландтарин тасвирҳои рӯисангии ҷаҳон ба ҳисоб рафта, ба давраи миёнаи асри санг (мезолит) мансуб мебошанд ва аз қадимтарин намунаҳои санъати рӯисангии минтақа ба шумор мераванд.



