Бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо ибтикори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ёдгории таърихии Панҷакенти қадим корҳои бостоншиносӣ идома доранд.
Ҳадафи асосии ин корҳои бостоншиносӣ омӯзиши ҳамаҷониба, таҳқиқ, ҳифз ва нигоҳдории мероси таърихию фарҳангии кишвар мебошад. Дар ҷараёни ҳафриёти илмӣ бостоншиносон боқимондаҳои иншооти меъморӣ, бозёфтҳои нодири моддӣ ва дигар осори таърихиро мавриди омӯзиш қарор медиҳанд.
Бозёфтҳои бадастомада барои таҳқиқи таърихи қадимаи Тоҷикистон, омӯзиши тамаддуни суғдиён ва муаррифии арзишҳои фарҳангии миллӣ аҳаммияти бузурги илмӣ ва фарҳангӣ доранд. Натиҷаҳои ин пажӯҳишҳо дар ғанӣ гардонидани дониши илмӣ оид ба таърихи Панҷакенти қадим ва ҳифзи мероси фарҳангии халқи тоҷик саҳми арзанда мегузоранд.






