Дар доираи тадбирҳои ободонӣ ва таҳкими инфрасохтори соҳаи ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, бо ташаббуси Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор сохтмони бинои нави маъмурӣ идома дорад.
Айни замон корҳои сохтмонӣ тибқи нақша бо сифати баланд ва бо риояи талаботи меъморӣ ба роҳ монда шуда, аз ҷониби мутахассисону сохтмончиён босуръат анҷом дода мешаванд. Интизор меравад, ки бино дар муҳлати муайяншуда мавриди истифода қарор дода мешавад.
Бунёди бинои нави маъмурӣ барои фароҳам овардани шароити мусоиди фаъолияти кормандон, беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ ба меҳмонон ва сайёҳон, инчунин таҳкими фаъолияти ҳифз, омӯзиш ва муаррифии мероси нодири таърихию фарҳангии Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор мусоидат хоҳад кард.
Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор аз муҳимтарин ёдгориҳои таърихии кишвар маҳсуб ёфта, ҳамасола ҳазорҳо меҳмонону сайёҳони дохиливу хориҷиро ба худ ҷалб менамояд. Аз ин рӯ, рушди инфрасохтори он яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлат дар самти ҳифз ва муаррифии мероси фарҳангии миллӣ ба ҳисоб меравад.



