Имрӯз дар толори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти экспедитсияҳои бостоншиносӣ, ки дар ноҳияҳои Данғара ва Темурмалики вилояти Хатлон анҷом дода шуданд, баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа муовини якуми директори Агентӣ Сафолзода Комрон муҳаммад иштирок намуда, зимни суханронӣ аз аҳамияти таҳқиқоти бостоншиносӣ дар омӯзиш, ҳифз ва муаррифии мероси таърихию фарҳангии кишвар ёдовар шуд. Таъкид гардид, ки натиҷаҳои бадастомада барои такмили таҳқиқоти илмӣ ва ғанӣ гардонидани маълумот оид ба таърихи қадимаи миллати Тоҷик аҳамияти хос доранд.
Зимни ҷаласа роҳбари экспедитсияи бостоншиносӣ Муҳаммад Сафоев ҳисоботи муфассал оид ба рафти корҳои саҳроӣ, бозёфтҳои нав ва натиҷаҳои ковишҳои анҷомёфтаро пешниҳод намуд. Қайд гардид, ки дар ҷараёни ҳафриёт як қатор бозёфтҳои арзишманди таърихӣ бадаст омада, онҳо барои муайян намудани хусусиятҳои фарҳангӣ ва таърихии мавриди омӯзиш қарор доранд.
Дар фарҷоми ҷаласа иштирокчиён натиҷаҳои экспедитсияро мавриди баррасӣ қарор дода, барои идомаи корҳои бостоншиносӣ, таҳқиқи илмии бозёфтҳо ва таҳкими ҳифзи мероси таърихию фарҳангии мамлакат пешниҳодҳои мушаххас иброз намуданд.



