Дар баробари ин, Дамонзода Хусрав Назаралӣ зимни баромади худ қайд намуданд, ки дар партави сиёсати сулҳҷӯёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар шаҳрванди худшиносу худогоҳи миллат тамоми донишу таҷриба, маҳорату малака ва саъю талоши худро мунтазам ба рушди давлати соҳибихтиёрамон ва Ватани аҷдодиамон равона месозад ва кишвари маҳбубамонро пешрафта гардонда, ҳамагон барои ба наслҳои оянда як мулки обод мерос гузоштан талош менамоем.
Бо ҳамин тартиб оид ба масъалаи матраҳшуда, баромад намуданд:
- раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам дар мавзуи “Эъломияи ҳуқуқи башар” – и Куруши Кабир ва тарғиби масъалаҳои ҳамзистии осоишта дар он” баромад намуда, иброз доштанд, ки дар воқеъ, Куруш як роҳбари одил ва меҳрубон буд, ки ба халқҳо озодӣ ва ба фарҳангҳо истиқлолият медод. Ҳамин тариқ, дар давраи Шоҳаншоҳии Куруши Кабир сарзамини тоҷику форс ба маркази ҳамзистии осоиштаи халқҳои гуногун табдил ёфта буд. Курушро дар Бобул, Форс ва ҳатто дар дигар давлатҳо ҳамчун ҳокими одил, фотеҳи тавоно ва раҳмдил мешинохтанду эътироф менамуданд. Бисёре аз халқҳо ӯро натанҳо шоҳи форсҳо, балки ҳомии адолат медонистанд;
- мавриди зикр аст, ки 2550 сол муқаддам Куруши Кабир меъёрҳоеро муқаррар намудааст, ки онҳо то имрӯз ба ҳайси нишондиҳандаи рушди волои тамаддуни инсонӣ баромад намуда, ба санадҳои байналмилалӣ ва конститутсияҳои мамлакатҳои тарақикардаи ҷаҳон, аз ҷумла Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун арзиши пурқимат ворид гардида амал менамоянд;
- вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашуриён Музаффар Қурбонмуҳаммад дар мавзуи “Маншури Куруши Кабир ва нақши он дар ташаккули ғояҳои ҳуқуқи инсон ва ҳамзистии осоишта” баромад намуда, зикр доштанд, ки дар воқеъ, халқи тоҷик соҳиби таъриху фарҳанги қадима буда, далели ин гуфтаҳо яке аз сарчашмаҳои муҳимми таърихӣ – ҳуқуқӣ: Эъломияи Куруши Кабир мебошад. Эъломияи Куруши Кабир ҳамчун сарчашмаи таърихӣ – ҳуқуқӣ оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ба ҳисоб рафта, бо меъёрҳои инсондӯстона, барои пешрафту инкишофи муносибатҳои ҳуқуқӣ, махсусан ҳуқуқу озодиҳои инсон дар аҳди қадим ва дар замони муосир нақши босазо дорад. Халқи тоҷик, аз замони бостон дар ҳавзаи тамаддуни худ бо хулқу одоб ва сиёсати инсондӯстонаю бо хирад пайваста байни халқиятҳои дигар маълум ва машҳур буданд;
- директори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хоҷазода Шералӣ Раҷаб дар мавзуи “Таҳаммулпазирӣ ва тамаддунофарии башарии миллати тоҷик” баромад намуда, изҳор доштанд, ки боиси ифтихор ва сарбаландист, ки мо тоҷикон аз қадим дорои фарҳанги ғанӣ ва соҳиби тамаддуни қадима ҳастем. Дар тули ин қарнҳои таърих миллати тоҷик тавонист, ки худро аз тамоми бархурдҳои марговари берунӣ ва дохилӣ муҳофизат намояд. Аз даврони ҳукумронии империяи Ҳахоманиш сар карда то ба имрӯз тоҷикон бо маҳорати баланди тарзи дурусти идоракунии ҳокимият пешсаф ва пешгом буданд. Агар чанде дар саҳифаҳои таърихӣ ба мо маълум аст, ки баъзан давлатҳое, ки сарварони онҳо аз дигар халқияту миллат буданд онҳоро ба ном ҳамчун малик, амир, хон, мир, бек ва ғайра мешинохтанд, вале дар идораи давлатдории онҳо тоҷикон саҳми арзандае доштанд. Маълум аст, ки ҳатто забони тоҷикӣ мақоми давлатиро гирифта дар сиёсати хориҷиашон ҳамчун забони байналмилалӣ истифода мешуд.
Хотиррасон менамоем, ки пас аз баромадҳои баромадкунандагон иштирокчиёни ҳамоиши илмӣ – амалӣ ба музокира баромаданд.
Дар фарҷом, аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон барои ҳамкориҳои судманд ба роҳбарияти ноҳия сипоснома тақдим карда шуд.







