ВОХӮРИИ РОҲБАРИЯТИ АГЕНТИИ ҲИФЗИ МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ БО САФИРИ ФАВҚУЛОДА ВА МУХТОРИ ҶУМҲУРИИ ФЕДЕРАТИВИИ ОЛМОН

Дар доираи таҳкими муносибатҳои дӯстона ва густариши ҳамкориҳои дуҷониба Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Йорк Шуграф, ҳамроҳ бо ҳайати намояндагони Сафорат ба Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.  
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба мубодилаи таҷрибаи касбӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак, ҷалби мутахассисон, инчунин густариши ҳамкорӣ бо ниҳодҳои фарҳангии байналмилалӣ табодули афкор намуданд. Таъкид гардид, ки рушди ҳамкориҳо дар соҳаи ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ метавонад ба таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва густариши муколамаи байнидавлатӣ мусоидат намояд.
          Ҳамзамон, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Йорк Шуграф бо самтҳои асосии фаъолияти Агентӣ, дастовардҳо ва нақшаҳои минбаъдаи он дар соҳаи ҳифзи мероси таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос гардид.
           Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати идомаи ҳамкориҳои судманд, татбиқи ташаббусҳои муштарак ва таҳкими минбаъдаи робитаҳои дӯстона изҳор намуда, ба рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд андешаҳои хешро баён намуданд.
Дар анҷоми ҷаласа таъкид гардид, ки ҳамкориҳои илмии Тоҷикистону Фаронса дар самти бостоншиносӣ барои омӯзиш, ҳифз ва муаррифии мероси ғании таърихию фарҳангии кишвар аҳаммияти бузург дошта, идомаи чунин экспедитсияҳои муштарак ба рушди илми бостоншиносӣ, таҳкими ҳамкориҳои байналмилалии илмӣ ва муаррифии мероси фарҳангии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат хоҳад кард.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top