Санаи 12.08.2026 дар толори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар вобаста ба масъалаҳои ҷорӣ намудани низоми гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ, рушди хизматрасониҳои рақамӣ ва таъмини амнияти иттилоотӣ баргузор гардид.
Дар конференсия роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказии Агентӣ, инчунин намояндагони Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Семинарро директори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хоҷазода Шералӣ Раҷаб ифтитоҳ намуда, таъкид кард, ки дар шароити рушди босуръати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ рақамикунонии фаъолияти мақомоти давлатӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад.
Зикр гардид, ки гузариш ба гардиши электронии ҳуҷҷатҳо барои баланд бардоштани самаранокии фаъолияти корӣ, суръат бахшидан ба раванди ҳуҷҷатгузорӣ, сарфаи вақт ва истифодаи самараноки захираҳо заминаи мусоид фароҳам меорад.
Дар идомаи чорабинӣ намояндаи Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ Нуров Довудшоҳдар бораиПортали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ, имкониятҳои он ва нақши технологияҳои рақамӣ дар рушди хизматрасониҳои давлатӣ маълумот пешниҳод намуд.
Сипас, Камолов Насимоид баНизоми ягонаи гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ суханронӣ намуда, тартиби истифодаи низоми мазкур, имкониятҳои он ва аҳамияти татбиқи ҳуҷҷатгузории электронӣ дар фаъолияти мақомоти давлатӣ ва муассисаҳо маълумоти муфассал ироа кард.
Намояндаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуғаниев Фирдас масъалаҳои марбут ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ ва рушди пардохтҳои электронӣ дар низоми хизматрасониҳои давлатӣ мавриди баррасӣ қарор дода, оид ба аҳамияти васеъ намудани истифодаи технологияҳои рақамӣ дар ин самт маълумот дод.
Ҳамчунин, Саидзода Шоҳрух вобаста ба масъалаҳои амнияти иттилоотӣ дар фазои интернет баромад намуда, иштирокчиёнро бо хатарҳои асосии киберӣ, роҳҳои ҳифзи иттилоот ва зарурати риояи қоидаҳои амнияти иттилоотӣ шинос намуд.
Зимни семинар миёни иштирокчиён оид ба масъалаҳои рақамикунонии фаъолияти корӣ, истифодаи самараноки низоми гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ, пардохтҳои ғайринақдӣ ва таъмини амнияти иттилоотӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.
Дар фарҷоми чорабинӣ таъкид гардид, ки истифодаи васеи технологияҳои муосири рақамӣ ва такмили низоми ҳуҷҷатгузории электронӣ барои баланд бардоштани самаранокии фаъолияти Агентӣ, беҳтар намудани сифати хизматрасониҳо ва мутобиқ намудани фаъолияти он ба талаботи замони муосир аҳамияти муҳим дорад.




