Бостоншиносон ва нақши онҳо дар ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ. Бо чунин унвон ҳамоиш доир шуд

Бахшида ба 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи байналмилалии бостоншиносон имрӯз дар Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати омузишии илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Бостоншиносӣ ва нақши он дар ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ» баргузор гардид,

Мероси таърихию фарҳангӣ ганҷинаи маънавии миллат буда, дар он таърихи давлатдорӣ, фарҳанг, ҷаҳонбинӣ, ҳунар, илму маърифат ва тарзи зиндагии гузаштагони мо
таҷассум ёфтааст. Ҳар як ёдгории таърихӣ, бозёфти бостонӣ, шаҳристони бостонӣ,
қалъа, мақбара, осори меъморӣ ва намунаи фарҳанги ғайримоддӣ як ҷузъи хотираи
таърихии миллати тоҷик мебошад.
Директори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ Шералӣ Хоҷазода иброз дошт, ки Рӯзи байналмилалии бостоншиносӣ моро водор месозад, ки ба масъалаи ҳифз, омӯзиш, эҳё ва муаррифии мероси пурғановати таърихию фарҳангии мамлакат бо назари амиқ назар намоем.Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ворид гардид.
Намояндаи. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайдулло Қувватзода изҳор дошт, ки Истиқлолият барои эҳёи худшиносии миллӣ ва бознигарии таърихи миллати мкониятҳои васеъ фароҳам овард.

Дар ин давра масъалаи омӯзиш ва ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ба яке аз
самтҳои муҳими сиёсати фарҳангии давлат табдил ёфт. Арзишҳои таърихӣ ва
фарҳангие, ки дар давраҳои гуногун офарида шудаанд, ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи
ҳувияти миллӣ мавриди таваҷҷуҳи роҳбарияти олӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар қарор гирифтанд.
Иброз гардид, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ёдгориҳои бостонӣ ва меъмории дараҷаи
миллӣ, ки боқимондаҳои онҳо дар асоси талаботи байналмилалӣ аз 17 фоиз зиёд
аст, таваҷҷуҳ зоҳир карда мешавад. Эҳёи ёдгориҳои меъморӣ ва маҷмааҳои таърихии
тахрибшуда, ки то замони истиқлол ба фаромӯшӣ рафта буд, оғоз гардидааст.
Ҳамчунин дар ин маврид таъсиси осорхонаҳо, мамнуъгоҳҳо, марказҳои мероси хаттӣ,
китобхонаҳо барои ҳифзу нигаҳдошт ва ба наслҳои оянда боқӣ мондани осори
бостонӣ, мероси хаттӣ, моддӣ ва ғайримоддии миллӣ инкишоф ва рушд ёфт.
Имрӯз ин амали созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ бори дигар нишон дод,ки тоҷикон дар тамоми соҳаҳои ҳаёт миллати созанда ва бунёдкор ба шумор
мераванд. Дар ин раванд марказҳои бузурги таърихии миллӣ ва мавзеъҳои бостонӣ
дар Панҷакент, Хуҷанд, Исфара, Истаравшан, Ҳисор, Бохтар, Ҳулбук, Балҷувон,
Ховалинг, Данғара, Кӯлоб ва Хоруғ эҳё ва барқарор гардиданд. Инчунин
иштирокчиёни бо «Қасри Ҳоким»-и Мамнуъгоҳи таърихиву фарҳангии Қалъаи Ҳисор шинос мешаванд. Ёдовар мешавем, ки иншооти мазкур 11 августи соли 2026 аз ҷониби Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ ифтитоҳ ëфт. Иншоот дар доираи лоиҳаи азнавсозии Мамнуъгоҳи таърихиву фарҳангии Қалъаи Ҳисор бунёд гардида, ҳамчун яке аз мавзеъҳои муҳими таърихию фарҳангӣ барои муаррифии тамаддуни қадимаи тоҷикон хизмат хоҳад кард.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top