СЕМИНАРИ ИЛМӢ ДАР МАВЗӮИ «АБУАЛӢ ИБНИ СИНО ВА ТАМАДДУНИ ҶАҲОН»

         19 августи соли 2026. Дар Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари илмӣ таҳти унвони «Абуалӣ ибни Сино ва тамаддуни ҷаҳонӣ баргузор гардид.

Дар кори семинар роҳбарияти Агентӣ, кормандони дастгоҳи марказӣ ва намояндаи Академияи илмҳои педагогӣ ва иҷтимоии Федератсияи Россия Абдулҳамид Комил иштирок намуд.

Зимни ифтитоҳи семинар директори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ Шералӣ Хоҷазода иброз дошт, ки Абӯалӣ ибни Сино ҳамчун яке аз бузургтарин донишмандони Шарқ дар рушди илму маърифат ва тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми арзишманд гузоштааст. Осори илмӣ, тиббӣ ва фалсафии ӯ ҳамчун ҷузъи муҳими мероси илмӣ ва фарҳангии башарият то имрӯз аҳамияти хосса дошта, мавриди омӯзиши муҳаққиқони кишварҳои гуногун қарор дорад.

         Таъкид гардид, ки омӯзиш, ҳифз ва муаррифии мероси илмӣ ва маънавии Абӯалӣ ибни Сино дар баланд бардоштани маърифати таърихию фарҳангӣ, таҳкими худшиносии миллӣ ва муаррифии дастовардҳои илмии ниёгони тоҷик дар арсаи байналмилалӣ нақши муҳим дорад.

Дар идомаи семинар масъалаҳои марбут ба ҳаёт ва фаъолияти илмии Абӯалӣ ибни Сино, саҳми ӯ дар рушди тиб, фалсафа, илмҳои табиӣ ва дигар соҳаҳои дониш, инчунин ҷойгоҳи осори ӯ дар тамаддуни ҷаҳонӣ муҳокима гардид.

Олимону муҳаққиқон оид ба аҳамияти омӯзиши ҳамаҷонибаи мероси илмӣ ва фарҳангии ин мутафаккири бузург андешаҳои худро баён намуда, масъалаҳои мубрами таҳқиқи осори  Абуали Ибни Сино ва роҳҳои густариши ҳамкориҳои илмиро баррасӣ карданд.

Дар фарҷоми семинар иштирокчиён доир ба аҳамияти баргузории чунин чорабиниҳои илмӣ ва идомаи корҳои таҳқиқотӣ ҷиҳати омӯзишу муаррифии мероси гаронбаҳои Абӯалӣ ибни Сино табодули афкор намуданд.

Дар фарҷоми семинар иштирокчиён доир ба аҳамияти баргузории чунин чорабиниҳои илмӣ ва идомаи корҳои таҳқиқотӣ ҷиҳати омӯзишу муаррифии мероси гаронбаҳои Абӯалӣ ибни Сино табодули афкор намуданд.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top