БАРГУЗОРИИ ШАНБЕГӢ ДАР АГЕНТИИ ҲИФЗИ МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ

Бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи тадбирҳои бахшида ба «Соли вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ, тақвияти худшиносиву худогоҳии миллӣ», дар Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ шанбегии дастаҷамъона баргузор гардид.

Дар ин иқдоми созанда кормандони Агентӣ бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва меҳанпарастӣ фаъолона иштирок намуда, дар корҳои ободониву тозакорӣ саҳми арзандаи худро гузоштанд. Зимни баргузории шанбегӣ ҳудуди бинои Агентӣ, роҳравҳо ва утоқҳои кори ба тартиб дароварда шуданд.

Ҳадаф аз баргузории чунин корҳои дастаҷамъона на танҳо тозаву озода нигоҳ доштани муҳити корӣ, балки баланд бардоштани ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ, фарҳанги шаҳрнишинӣ ва муносибати ғамхорона ба муҳити зист мебошад. ки ободии ҳар як гӯшаи кишвар аз муносибати масъулиятнок ва саҳми ҳар як шаҳрванди он вобастагии дорад.

Таъкид гардид, ки ҳифз ва нигоҳдории муҳити зист, тозагӣ ва ободии маҳалли зист аз ҷумлаи арзишҳои муҳими фарҳанги миллӣ ба ҳисоб рафта, дар тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ нақши муҳим дорад.

Ҳамзамон, баргузории чунин тадбирҳо дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозгӯи он аст, ки кормандони Агентӣ дар баробари фаъолияти касбии худ дар корҳои ҷамъиятиву созандагӣ низ иштироки фаъол дошта, барои боз ҳам ободу зебо гардидани муҳити зист саҳм мегузоранд.

Шанбегии дастаҷамъона дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва руҳияи баланди созандагӣ баргузор гардида, кормандон бо ҳисси масъулиятшиносӣ ва ташаббускорӣ корҳои ободониро ба анҷом расониданд.

Дар маҷмӯъ, баргузории чунин иқдомҳои созанда ба таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, масъулияти шаҳрвандӣ, эҳтиром ба муҳити зист ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ мусоидат намуда, дар заминаи омодагӣ ба ҷашни мубораки 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top