Дар натиҷаи корҳои омӯзишӣ, ки аз ҷониби мутахассисони Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шуда, дар ҳудуди ноҳияи Данғара, Ҷамоати деҳоти Корез, деҳаи Ғарғара, ёдгории нодири меъмории мансуб ба асрҳои IX–XII бозёфт гардид.
Бозёфти мазкур дорои аҳамияти муҳими илмӣ ва таърихӣ буда, айни замон аз ҷониби мутахассисон мавриди омӯзиш ва таҳқиқоти илмӣ қарор дорад. Натиҷаҳои таҳқиқоти анҷомдодашуда пас аз ҷамъбасти корҳои омӯзишӣ дар шакли ҳисоботи илмӣ-таҳлилӣ пешниҳод хоҳанд гардид.
Ёдгории мазкур дар доираи корҳои муайянсозӣ, шиносоӣ, омӯзиш ва таҳқиқи вазъи ҳифзу нигоҳдории ёдгориҳои таърихию бостонии кишвар кашф гардидааст.
Бозёфти ёдгории нав аҳамияти хос дошта, метавонад барои омӯзиши таърихи бостонӣ, меъморӣ ва рушди фарҳангии минтақа дар асрҳои IX–XII маълумоти арзишманди илмӣ фароҳам оварад.
Корҳои омӯзишӣ ва таҳқиқотӣ дар ин самт идома дошта, натиҷаҳои муфассали онҳо пас аз анҷоми таҳқиқоти илмӣ ба ҷомеа пешниҳод карда мешаванд.








