3 сентябри соли 2026 бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид.
Дар маҳфил роҳбарият ва кормандони Агентӣ иштирок намуда, вобаста ба ҷойгоҳ ва аҳамияти «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ суханронӣ намуда аз достонҳои ин шоҳасар поҷаҳо қироат намуданд.
Зикр гардид, ки «Шоҳнома» на танҳо мероси бузурги адабӣ ва фарҳангии миллати тоҷик, балки сарчашмаи муҳими маънавӣ барои омӯзиши таърихи миллат, таҳкими эҳсоси ифтихори миллӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии ҷавонон ба ҳисоб меравад. Омӯзиши ин асари безавол барои наврасону ҷавонон заминаи устувори тарбияи маънавӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои фарҳангиро фароҳам меорад.
Таъкид гардид, ки бо дарназардошти бузургӣ ва аҳамияти мондагори ин асари безавол бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон китоби «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ба ҳар як хонадони тоҷик тақдим карда шуд. Ин иқдом дар таҳкими худшиносии миллӣ, тарбияи маънавӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихию фарҳангии миллат нақши муҳим дорад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи арзиши мондагори «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ пайваста таъкид менамоянд. Аз ҷумла, чунин иброз доштаанд:«Шоҳнома» танҳо китоби базму разм, диловарию қаҳрамонӣ ва ривояту афсона нест. Вай пандномаи беназир, ахлоқнома ва дастури омӯзандаи хулқу атвори ҳасана, хислат ва хусусиёти неки инсонӣ аст. Агар мо бихоҳем, ки ҷовидон дар ин сарзамин рӯҳи Фирдавсиро зиндаву покиза нигоҳ дорем ва худро вориси воқеии ӯ бидонем, бояд ҳамаи андарзҳои ӯро ҳифз намуда, тибқи онҳо амал намоем, барои оромишу осоиш, ваҳдату ягонагӣ ва пойдор гардидани сулҳ, ба ҷон бикӯшем.
Ҳамчунин, иштирокдорон бо хушнудӣ ёдовар шуданд, ки 23 июли соли ҷорӣ дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус Озмуни XXIII байналмилалии «Санъати китоб»-и кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки дар ин озмун китоби «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ сазовори Шоҳҷоизаи ин Озмун гардид.
Баргузории чунин маҳфилҳо ба баланд бардоштани сатҳи маърифати фарҳангии ҷомеа, махсусан ҷавонон, арҷгузорӣ ба мероси адабию фарҳангии миллӣ ва таҳкими худшиносии миллӣ мусоидат менамояд.




