МИЗИ МУДАВВАР ДАР МАВЗУЪИ «ЗЕҲНИ СУНЪӢ – ИМКОНИЯТҲОИ НАВ БАРОИ РУШДИ ИЛМ, ФАРҲАНГ ВА ҲИФЗИ МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ»

    4 сентябри соли 2026 дар доираи як руйдоди муҳими байналмилалӣ –ташаббуси  Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон гардидани 31 август ҳамҷун Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод дар  толори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мизи мудаввар дар мавзӯи «Зеҳни сунъӣ – имкониятҳои нав барои рушди илм, фарҳанг ва ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ» баргузор гардид.

  Дар Мизи мудаввар роҳбарият ва кормандони Агентӣ иштирок намуданд.

   Директори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистн Хоҷазода Шералӣ Раҷаб ҷаласаро ифтитоҳ намуда, оид ба аҳамияти истифодаи технологияҳои муосир, аз ҷумла зеҳни сунъӣ, дар рушди соҳаҳои илм, фарҳанг ва ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ суханронӣ намуд.

  Сипас, Сафолзода Комрон Муҳаммад- муовини якуми директори Агентӣ дар мавзӯи «Ташаббуси байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба зеҳни сунъӣ ва аҳамияти он дар шароити рушди технологияҳои муосир» маърӯза намуд.

   Ҳамчунин, Холиқов Фирӯз дар мавзӯи «Зеҳни сунъӣ ва рақамикунонии мероси фарҳангӣ: имкониятҳо, дурнамо ва масъулиятҳо» баромад намуд.

   Дар идомаи ҷаласа Раҳмонов Қурбоналӣ дар мавзӯи «Истифодаи зеҳни сунъӣ дар ҳифз, омӯзиш ва муаррифии мероси таърихию фарҳангӣ» суханронӣ кард.

  Зимни мизи мудаввар масъалаҳои марбут ба истифодаи имкониятҳои зеҳни сунъӣ дар самти рақамикунонӣ, ҳифз, омӯзиш ва муаррифии мероси таърихию фарҳангӣ, инчунин дурнамои рушди технологияҳои муосир дар соҳаи мазкур мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

     Дар фарҷоми чорабинӣ иштирокдорон доир ба масъалаҳои баррасишуда мубодилаи афкор намуда, дар Мизи мудаввар аҳамияти истифодаи дурусту масъулиятноки зеҳни сунъӣ дар рушди минбаъдаи соҳа таъкид гардид.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top