Китоби «Мероси таърихию фарҳангии шаҳри Душанбе» аз чоп баромад

ДУШАНБЕ, 19.09.2026 Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби «Мероси таърихию фарҳангии шаҳри Душанбе» аз чоп баромад.

Китоб бо мақсади гирдоварӣ, муаррифӣ ва ҳифзи мероси гаронбаҳои пойтахт таҳия гардидааст. Он се ёдгории шаҳрро ба се гурӯҳи асосӣ: таърихию бостонӣ, меъморӣ ва монументалӣ ҷудо менамояд. Ин китоб на танҳо ҳамчун дастури илмию оммавӣ барои донишҷӯёну муҳаққиқон, балки чун роҳнамои боэътимод барои сайёҳони хориҷӣ хизмат мекунад, то онҳо бо гӯшаҳои таърихии «Шаҳри Душанбе — шаҳри сулҳу дӯстӣ» аз наздик шинос шаванд.

Тавре дар пешгуфтори китоб дарҷ шудааст, давоми 35 соли соҳибихтиёрӣ Душанбе таҳти роҳбарии Пешвои миллат симои худро комилан дигар намуда, ба маркази ҷаҳонии баргузории ҳамоишҳои сатҳи баланд ва рамзи эҳёи давлатдории миллии тоҷикон табдил ёфт.  Маҳз дар даврони истиқлолият бештари ёдгориҳои таърихии пойтахт аз нав бунёд гардида, ҳуваияти миллии моро устувор намуданд.

Мероси таърихию фарҳангӣ оинаи дурахшонест, ки симои маънавӣ, роҳи тайкардаи таърихӣ ва сатҳи тамаддуни миллатро ба намоиш мегузорад. Халқи тоҷик ҳамчун яке аз миллатҳои куҳанбунёд ва соҳибтамаддуни Осиёи Марказӣ давоми ҳазорсолаҳо осори ғании моддӣ ва маънавӣ офаридааст, ки бахши муҳими он дар дили пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе маҳфуз мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақшу мақоми пойтахтро хеле баланд арзёбӣ намуда, чунин иброз доштаанд: «Пойтахти давлат — шаҳри Душанбе, пеш аз ҳама, оинаи миллат ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон, маркази илму фарҳанг ва таҷассумгари тамаддуни башар мебошад». Маҳз ин суханони ҳикматноки Пешвои миллат собит месозанд, ки ҳар хишт, бино ва ёдгории ин шаҳр инъикоскунандаи ғурури миллӣ ва тамаддуни деринаи мост.

Дар шароити кунунии ҷаҳонишавӣ, тавре ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, «ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ эҳтиром ба таърихи халқи худ ва наслҳои минбаъда аст».

Ҳамзамон Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо муҳаббату заҳматҳои созанда симои пойтахтро ба куллӣ ҷавону муосир гардонида, нисбат ба ин шаҳри муқаддас чунин изҳори назар намудаанд: «Душанбе қалби Ватани мо, рамзи сулҳ, зебоӣ ва меҳмоннавозист. Ин шаҳри мо, хонаи умеди мост, ки мо онро дӯст медорем, бо он фахр мекунем ва ба он эътимод дорем!». Ин нигоҳи созанда ва ватанхоҳона асоси тамоми бунёдкориҳо ва ҳифзи мероси  таърихии пойтахти кунунии моро ташкил медиҳад.

АКС: Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top