Аз фаъолияти шуъбаи кадрҳо дар Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ
Мероси таърихию фарҳангӣ яке аз арзишҳои муҳимтарини миллӣ ба ҳисоб рафта, ҳифз, нигоҳдорӣ, омузиш, барқарорсозӣ ва муаррифии он вазифаи муҳими давлат ва ҷомеа мебошад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ таваҷуҳи махсус зоҳир гардида, барои ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, рушди соҳаи осорхонадорӣ, омӯзиши мероси моддӣ ва ғайримоддӣ ва муарифии арзишҳои миллӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд. Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ҳамчун ниҳоди масъул дар нигоҳдорӣ ва ҳифзи арзишҳои моддӣ ва маънавии миллат, на танҳо ба захираҳои моддӣ, балки пеш аз ҳама ба захираҳои инсонӣ такя мекунад. Дар ин раванд, шуъбаи кадрҳо нақши калидӣ дошта, ҳамчун пояи ташкили фаъолияти самараноки Агентӣ баромад менамояд.
Фаъолияти шуъбаи кадрҳо дар Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ аз хусусиятҳои махсус бархӯрдор мебошад. Чун кор дар ин ниҳод танҳои иҷрои вазифаи маъмурӣ набуда, балки хизмат ба таърих, фарҳанги миллӣ ба ҳисоб рафта, бо хусусияти хос фарқ мекунад, зеро иҷрои вазифа бо мероси таърихию фарҳангӣ дониши махсус, масъулияти баланд ва эҳсоси худшиносии миллиро аз мутахассисон талаб мекунад. Ин шуъба ҳангоми интихоби мутахассисон на танҳо ба таҷриба ва таҳсил, балки ба ҷаҳонбинӣ ва эҳтиром ба таърих ва фарҳанги миллӣ аҳамияти ҷиддӣ медиҳад. Маҳз ҳамин равиш боис мегардад, ки кормандон вазифаи худро ҳамчун рисолат дарк намоянд.
Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти шуъбаи кадрҳо рушди касбии кормандон мебошад.
Самти дигари муҳими фаъолияти шуъбаи кадрҳо рушди касбӣ ва такмили ихтисоси кормандон мебошад. Бо назардошти пешрафти илм, талаботи муосир ва таҷрибаи байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи мерос, ташкили курсҳои бозомӯзӣ, семинарҳо, машваратҳои илмӣ ва омузишҳои соҳавӣ аҳамияти калон дорад. Зеро ташкили омӯзишҳо, семинарҳо ва такмили ихтисос дар соҳаҳои бостоншиносӣ ва ҳифзи ёдгориҳо, қонунгузории фарҳангӣ ва идоракунии мерос имкон медиҳад, ки сатҳи тахассусии кормандон мутобиқ ба талаботи замон баланд бардошта шавад. Ин раванд ба ҳифзи босифат ва илмии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ мусоидат мекунад.
Бинобар ин, шуъбаи кадрҳо бо ҷалби муассисаҳои илмӣ, марказҳои таълимӣ ва коршиносони соҳа барои баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи кормандон шароити мусоид фароҳам меорад, то сифати корҳои илмӣ, ҳифз ва барқарорсозии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ беҳтар гардад.
Риояи принсипҳои қонуният, одилонагӣ, шаффофият ва интизоми меҳнатӣ ба баланд бардоштани сатҳи эътимод байни роҳбарият ва кормандон мусоидат менамояд. Аз ин рӯ, шуъбаи кадрҳо дар ташаккули фарҳанги маънавӣ ва муҳити солими корӣ нақши муҳим мебозад. Чунки муҳити солими корӣ ба баланд бардоштани самаранокии фаъолияти хизматӣ мусоидат менамояд.
Дар баробари ин, шуъбаи кадрҳо масъули пешбурди ҳуҷҷатгузории кадрӣ, бақайдгирӣ ва нигоҳдории маълумоти хизматӣ, назорати риояи қонунгузории меҳнат ва хизмати давлатӣ мебошад. Ин шуъба ҳамчун масъалаҳои марбут ба интизоми меҳнатӣ, ҳавасгардонӣ ва ҷавобгарии хизматиро дар доираи салоҳияти худ баррасӣ менамояд ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кормандон ва таъмини адолати хизматӣ аз вазифаҳои муҳими шуъбаи кадрҳо ба ҳисоб меравад.
Айни ҳол дар шуъбаи кадрҳои Агентӣ 2 нафар корманд фаъолият дошта, дар маҷмуъ дар дастгоҳи марказӣ 35 нафар корманд кору фаъолият доранд.
Дар маҷмӯъ, шуъбаи кадрҳо дар Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз воҳидҳои муҳимми таъмини фаъолияти самараноки Агентӣ мебошад.Фаъолияти дурусти он ба ташаккули ҳайати кадрии босалоҳият, интихоби дурусти мутахассисон, баланд бардоштани сатҳи касбӣ, риояи қонунгузорӣ, таҳкими интизоми хизматӣ ва рушди иқтидори инсонии Агентӣ мусоидат менамояд.



