Ҳасанов Неъматулло Ҳукматуллоевач Сардори бахши иттилоотӣ ва рақамикунонӣ

Истиқлол – заминаи рушди худшиносии миллӣ ва ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ

Мероси таърихию фарҳангӣ яке аз муҳимтарин сарватҳои маънавӣ ва моддии ҳар як миллат ба ҳисоб меравад. Он таҷассумгари таърихи гузашта, фарҳанг, ҷаҳонбинӣ, анъана, ҳунар ва тарзи зиндагии мардум буда, барои шинохти ҳувияти миллӣ аҳамияти бузург дорад. Ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун ҷузъи муҳими ин мерос на танҳо арзиши таърихӣ ва илмӣ, балки аҳамияти тарбиявӣ, маънавӣ ва ватандӯстӣ низ доранд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои таърихи бисёрҳазорсола буда, дар қаламрави он ёдгориҳои зиёди бостонӣ, меъморӣ, таърихӣ ва фарҳангӣ мавҷуданд. Мавзеъи қадимаи таърихию табиии Кулдара, Саразм, Панҷакенти қадим, Ҳулбук, Қалъаи Ҳисор, Қалъаи Муғ, ёдгориҳои водии Зарафшон ва дигар мавзеъҳои таърихӣ гувоҳи онанд, ки сарзамини Тоҷикистон аз қадим яке аз марказҳои муҳими тамаддуни Осиёи Марказӣ ба шумор меравад.

Ба даст овардани истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар соли 1991 барои эҳёи арзишҳои миллӣ ва таваҷҷуҳи бештар ба таъриху фарҳанги миллӣ заминаи мусоид фароҳам овард. Дар даврони истиқлол масъалаи омӯзиш, ҳифз, барқарорсозӣ ва муаррифии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати фарҳангии давлат табдил ёфт.

Қабули санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, ташкили сохторҳои дахлдор, гузаронидани корҳои бостоншиносӣ, барқарорсозии ёдгориҳо, таъсиси осорхонаҳо ва ба мероси умумиҷаҳонӣ пешниҳод намудани мавзеъҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ аз ҷумла иқдомҳои муҳим дар ин самт мебошанд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ» муносибатҳоро вобаста ба ҳифз, истифода, нигоҳдорӣ ва тарғиби чунин объектҳоро танзим намуда, онҳоро ҳамчун сарвати умумимиллӣ эътироф мекунад.

Мероси таърихию фарҳангӣ маҷмӯи арзишҳои моддӣ ва маънавиест, ки аз гузашта ба ҷомеаи имрӯза расида, барои наслҳои оянда низ аҳамияти муҳим доранд. Ба ин мерос ёдгориҳои меъморӣ, бостонӣ, таърихӣ, осори санъат, ашёи қадимӣ, дастнависҳо, намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ ва дигар арзишҳои фарҳангӣ дохил мешаванд.

Мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ объектҳои манқул ва ғайриманқул, осори рассомӣ, муҷассамасозӣ, санъати амалии ороишӣ ва дигар ашёи фарҳанги моддӣ, ки аз нуқтаи назари таърих, бостоншиносӣ, фарҳанг, меъморӣ, шаҳрсозӣ, санъат ва эстетика арзиш доранд, дохил мешаванд.

Ёдгориҳои ғайриманқул биноҳо, иншоот, қалъаҳо, шаҳрҳои қадим, қароргоҳҳо, қабрҳо, ёдгориҳои археологӣ, роҳҳо, ва дигар мавзеъҳои дорои аҳамияти таърихӣ ва маҷмааи меъморию манументалиро дар бар мегиранд.

Ёдгориҳои манқул бошанд, аз ҷумла бозёфтҳои археологӣ, ашёи қадима, асарҳои санъат, дастхатҳои нодир ва дигар арзишҳои моддии таърихӣ аз якҷо ба дигарҷо интқолшавандаро фаро мегиранд.

Аҳамияти мероси таърихию фарҳангӣ пеш аз ҳама дар он зоҳир мегардад, ки он барои дарки гузаштаи миллат ва ташаккули худшиносии миллӣ замина фароҳам меорад. Миллате, ки таъриху фарҳанги худро эҳтиром мекунад, барои ҳифзи арзишҳои миллӣ ва рушди фарҳанги муосири худ низ заминаи устувор мегузорад.

Ёдгориҳо ҳамчунин барои таҳқиқоти илмӣ аҳамияти калон доранд. Бо ёрии онҳо олимон метавонанд дар бораи тарзи зиндагӣ, иқтисод, ҳунармандӣ, меъморӣ, муносибатҳои тиҷоратӣ ва робитаҳои фарҳангии халқҳои гузашта маълумоти муҳим ба даст оваранд.

Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон барои рушди фарҳанги миллӣ ва бознигарии муносибат ба мероси таърихию фарҳангӣ имкониятҳои нав фароҳам овард. Дар давраи соҳибистиқлоли худшиносии миллӣ, эҳтироми таърихи давлатдорӣ, омӯзиши мероси ниёгон аҳамияти махсус пайдо кард ва таваҷҷуҳ ба омӯзиши таърихи халқи тоҷик бештар гардида, корҳои бостоншиносӣ дар мавзеъҳои таърихӣ идома ёфтанд. Ҳамзамон, барои ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ заминаи ҳуқуқӣ такмил дода шуд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ» низоми ҳуқуқии ҳифз ва истифодаи чунин объектҳоро муайян карда, назорати давлатӣ ва масъулияти шаҳрвандонро дар ин самт пешбинӣ менамояд

Яке аз самтҳои муҳими сиёсати фарҳангӣ дар даврони истиқлол муаррифии таърих ва фарҳангӣ Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Ба рӯйхати мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидани як қатор мавзеъҳои Тоҷикистон нишон медиҳад, ки мероси кишвар на танҳо барои мардуми тоҷик, балки барои ҷомеаи ҷаҳонӣ низ арзиши муҳим дорад.

Соли 2010 ёдгории бостонии Саразм ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО дохил карда шуд. Ин мавзеъи таърихи ташаккули маҳалҳои муқимӣ дар Осиёи Марказиро аз ҳазораи IV то охири ҳазораи III пеш аз милод инъикос мекунад. Саразм ҳамчунин аз робитаҳои тиҷоратӣ ва фарҳангии сокинони қадими минтақаҳои гуногуни Осиёи Марказӣ шаҳодат медиҳад.

То соли 2025 Тоҷикистон дар Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО панҷ наминай дорои мақоми мероси умумибашари, ки аз онҳо се наминаӣ объектҳои фарҳангӣ ва ду наминаӣ табиӣ мебошанд.

Дар байни объектҳои фарҳангӣ Саразм, долони Зарафшон–Қайроқум дар доираи мероси Роҳи Бузурги Абрешим ва ёдгориҳои таърихии Хатлони қадим ҷой доранд.

Ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ бе заминаи мустаҳками ҳуқуқӣ имконнопазир аст. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулияти давлат, мақомоти дахлдор, соҳибони объектҳо ва шаҳрвандонро дар самти ҳифзи ёдгориҳо муайян менамояд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ» ҳадафҳои асосии сиёсати давлатиро дар ин соҳа муайян мекунад. Аз ҷумла, таъмини ҳифз ва истифодаи самараноки объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ, фароҳам овардани шароит, барои нигоҳдорӣ ва барқарорсозии онҳо ва пешгирии расонидани зарар ба ёдгориҳо яке аз самтҳои муҳими қонун мебошанд.

Қонун инчунин пешбинӣ менамояд, ки объектҳои дорои арзиши таърихию фарҳангӣ бояд ба Феҳристи давлатии объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ ворид карда шаванд. Барои чунин объектҳо низоми махсуси ҳифз ва истифода муқаррар карда мешавад.

Ҳифзи ёдгориҳо танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ нест. Ҳар як шаҳрванд бояд дар ҳифзи мероси миллӣ саҳм гузорад. Эҳтиром ба ёдгориҳои таърихӣ, пешгирии вайроншавӣ, муносибати эҳтиёткорона ба мавзеъҳои таърихӣ ва расонидани маълумот ба мақомоти дахлдор дар ҳолати ошкор намудани зарар ба ёдгорӣ аз ҷумлаи вазифаи муҳими ҳар як шаҳрвандӣ Ҷумҳурии Тоҷикстон мебошанд.

Тоҷикистон дорои шумораи зиёди ёдгориҳое мебошад, ки давраҳои гуногуни таърихи кишварро инъикос мекунанд. Саразм аз ҷумлаи қадимтарин марказҳои муқимии минтақа буда, аҳамияти байналмилалӣ дорад. Бозёфтҳои Саразм нишон медиҳанд, ки дар ин мавзеъ ҳунармандӣ, кишоварзӣ, чорводорӣ ва робитаҳои тиҷоратӣ рушд карда буданд.

Панҷакенти қадим низ яке аз мавзеъҳои муҳими археологии Тоҷикистон мебошад. Боқимондаҳои шаҳр, маъбадҳо, манзилҳо ва осори санъатӣ ба мо дар бораи сатҳи баланди рушди фарҳанг ва шаҳрсозии Суғд маълумоти арзишманд медиҳанд.

Ҳулбук, ки ба таърихи Хатлони асримиёнагӣ иртибот дорад, намунаи муҳими меъмории шаҳрсозӣ ва фарҳанги асримиёнагии минтақа мебошад. Маҷмааи таърихи меъмори Шаҳри Ҳисор низ яке аз ёдгориҳои маъруфи тамаддуни башари ба шумор рафта, дар шинохти таърихи сиёсию иҷтимоии минтақа аҳамияти хос дорад.

Дар баробари ёдгориҳои бостонӣ, осорхонаҳо низ дар ҳифзи мероси фарҳангӣ нақши муҳим доранд. Осорхонаҳо бозёфтҳои археологӣ, ҳуҷҷатҳо, асарҳои санъат, ашёи рӯзгор ва дигар далелҳои моддии таърихро ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, таҳқиқ ва ба мардум муаррифӣ мекунанд.

Яке аз натиҷаҳои муҳими фаъолияти Тоҷикистон дар самти ҳифзи мерос густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ мебошад. Ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО ва

дигар созмонҳои байналмилалӣ барои шиносонидани мероси миллӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва такмили таҷрибаи ҳифзи ёдгориҳо мусоидат мекунад.

Саразм намунаи равшани чунин ҳамкорӣ мебошад. ЮНЕСКО онро ҳамчун яке аз марказҳои қадимтарини аҳолинишин дар Осиёи Марказӣ тавсиф намуда, арзиши онро дар робита ба рушди ҷомеаҳои муқимӣ ва мубодилаи фарҳангӣ дар минтақа таъкид мекунад.

Соли 2023 долони «Роҳи Бузурги Абрешим: долони Зарафшон–Қайроқум» низ ба рӯйхати мероси умумиҷаҳонӣ дохил гардид. Ин иқдом аҳамияти таърихии робитаҳои фарҳангӣ ва тиҷорати минтақаи Осиёи Марказиро боз ҳам бештар намуд.

Дар соли 2025 бошад, ҳафт Ёдгориҳои таърихии «Хутали қадим» ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид, ки Тоҷикистон, дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари дорои мероси ғании таърихию фарҳангӣ бештар муаррифӣ гардид.

Гарчанде Боғи миллии Тоҷикистон мероси табиии мебошад, ки ҳифзи он низ бо мероси миллӣ ва фарҳангӣ робитаи зич дорад. Боғ зиёда аз 2,6 миллион гектарро фаро гирифта, қисми бузурги кӯҳҳои Помирро дар бар мегирад ва соли 2013 ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО дохил шудааст.

Бо вуҷуди корҳои анҷомдодашуда, ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамоно вазифаи муҳим ва мураккаб боқӣ мемонад. Таъсири омилҳои табиӣ, аз ҷумла боришот, тағйирёбии ҳарорат, заминларза ва дигар равандҳои табиӣ метавонад ба ёдгориҳои қадим зарар расонад.

Омили дигар фаъолияти нодурусти инсон мебошад. Баъзан сохтмонҳои ғайринақшавӣ, корҳои заминкани, истифодаи нодурусти ҳудуди ёдгориҳо ва муносибати беэҳтиётонаи шаҳрвандон метавонанд ба осори таърихӣ зарар расонанд.

Масъалаи дигар зарурати истифодаи усулҳои муосири ҳуҷҷатгузорӣ ва мониторинги ёдгориҳост. Барои ҳифзи дарозмуддати онҳо истифодаи аксбардории рақамӣ, харитасозӣ, моделсоӣ, пойгоҳои электронии маълумот ва дигар технологияҳои муосир аҳамияти калон дорад.

Ҳамчунин, зарур аст, ки дар байни ҷавонон маърифати таърихию фарҳангӣ баланд бардошта шавад. Зеро ҳифзи мерос танҳо тавассути қонун ва фаъолияти мақомоти давлатӣ таъмин намегардад. Агар ҷомеа арзиши ёдгориҳоро дарк кунад, эҳтимоли муносибати беэҳтиётона ва вайрон кардани онҳо низ коҳиш меёбад.

Барои ҳифзи самараноки ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ пеш аз ҳама зарур аст, ки омӯзиши илмии онҳо мунтазам идома ёбад. Экспедитсияҳои бостоншиносӣ, таҳқиқоти таърихӣ, меъморӣ ва санъатшиносӣ бояд ба таври пайваста гузаронида шаванд.

Самти муҳими дигар барқарорсозии илмии ёдгориҳост. Ҳангоми тармим ва барқарорсозӣ бояд хусусиятҳои аслии меъморӣ ва таърихии объект ба назар гирифта шаванд. Барқарорсозӣ набояд боиси аз байн рафтани арзиши аслии ёдгорӣ гардад.

Рақамикунонии мероси фарҳангӣ низ яке аз роҳҳои муосири ҳифз мебошад. Таҳияи бойгонии электронии аксҳо, ҳуҷҷатҳо, харитаҳо ва моделҳои сеандозаи ёдгориҳо метавонад дар ҳолати осеб дидани объект барои омӯзиш ва барқарорсозии минбаъда кӯмак расонад.

Сайёҳии фарҳангӣ низ метавонад ба ҳифзи ёдгориҳо мусоидат кунад. Агар сайёҳӣ дар асоси нақшаи дуруст ва бо риояи талаботи ҳифзи мерос ба роҳ монда шавад, он метавонад барои рушди иқтисоди маҳаллӣ ва ҷалби маблағ ба нигоҳдории ёдгориҳо имконият фароҳам оварад.

Дар баробари ин, бояд барои сокинони маҳаллӣ имконият фароҳам оварда шавад, ки дар ҳифзи мероси минтақаи худ фаъолона иштирок намоянд. Чунки аҳолии маҳаллӣ одатан аввалин гурӯҳест, ки аз ҳолати воқеии ёдгориҳо ва тағйироти онҳо огоҳ мешавад.                                            

Ҳифзу нигоҳдории ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ яке аз вазифаҳои муҳими давлати соҳибистиқлол ва ҷомеаи мутамаддин мебошад. Ёдгориҳо ҳамчун далели зиндаи таърих ба мо имкон медиҳанд, ки гузаштагони худро

бишносем, дастовардҳои фарҳангии онҳоро омӯзем ва барои наслҳои оянда ҳифз намоем.

Дар даврони истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мавқеи муҳим пайдо кардааст. Тақвияти заминаи ҳуқуқӣ, фаъолияти мақомоти давлатӣ, корҳои бостоншиносӣ, барқарорсозии ёдгориҳо, рушди осорхонаҳо ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ аз омилҳои муҳими ин раванд ба шумор мераванд. Қонунгузории миллӣ ҳифзи объектҳои мероси таърихию фарҳангиро ҳамчун вазифаи муҳим муқаррар намуда, барои онҳо низоми махсуси ҳуқуқии ҳифз ва истифода пешбинӣ мекунад.

Ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид шудани шаҳри Бостони Саразм, ёдгориҳои долони Зарафшон–Қайроқум ва ёдгориҳои таърихии Хутали қадим нишон медиҳад, ки мероси таърихи Тоҷикистон дорои арзиши на танҳо миллӣ, балки байналмилалӣ мебошад.

Дар оянда ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ бояд бо истифодаи технологияҳои муосир, рушди таҳқиқоти илмӣ, тарбияи маърифати фарҳангии ҷавонон ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ боз ҳам тақвият дода шавад. Ҳар як ёдгорӣ як саҳифаи таърихи миллат аст. Аз ин рӯ, нигоҳдории он маънои нигоҳдории хотираи таърихӣ, ҳувияти миллӣ ва пайванди маънавии наслҳоро дорад.

Ҳамин тавр, метавон гуфт, ки ҳифзу нигоҳдории ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ дар даврони истиқлолият на танҳо самти муҳими сиёсати фарҳангии давлат, балки вазифаи умумии ҷомеа мебошад. Танҳо дар сурати иштироки давлат, олимон, муассисаҳои фарҳангӣ, аҳолии маҳаллӣ ва шаҳрвандон метавон ин мероси бебаҳоро барои наслҳои имрӯз ва фардо солим нигоҳ дошт.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top