КОРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ҲУДУДИ «МАМНУЪГОҲИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГИИ ҲУЛБУК»

  Бо мақсади ҳифзу нигоҳдории ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва фароҳам овардани муҳити муносиб барои боздиди шаҳрвандон ва сайёҳон, дар ҳудуди Муассисаи давлатии «Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳулбук» корҳои ободониву созандагӣ баргузор гардид.

Мақсади асосии ин тадбирҳо ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, нигоҳдории ҳудуди ёдгориҳо дар ҳолати муносиб ва фароҳам овардани шароити мусоид барои қабули меҳмонони дохиливу хориҷӣ мебошад.

Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳулбук ҳамчун яке аз мавзеъҳои муҳими таърихию фарҳангии кишвар ҳамасола мавриди таваҷҷуҳи меҳмонон ва сайёҳон қарор мегирад. Аз ин рӯ, анҷом додани корҳои ободонӣ ва нигоҳубини доимии ҳудуди он дар самти муаррифии мероси таърихию фарҳангии кишвар аҳамияти муҳим дорад.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top