Бо мақсади ҳифзу нигоҳдории ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва фароҳам овардани муҳити муносиб барои боздиди шаҳрвандон ва сайёҳон, дар ҳудуди Муассисаи давлатии «Осорхона-мамнуъгоҳи ҷумҳуриявии ба номи Восеъ» корҳои ободониву созандагӣ баргузор гардид.
Мақсади асосии ин тадбирҳо ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, нигоҳдории ҳудуди ёдгориҳо дар ҳолати муносиб ва фароҳам овардани шароити мусоид барои қабули меҳмонони дохиливу хориҷӣ мебошад.
«Осорхона-мамнуъгоҳи ҷумҳуриявии ба номи Восеъ» таваҷҷуҳи меҳмонон ва сайёҳон қарор гирифта. Аз ин рӯ, анҷом додани корҳои ободонӣ ва нигоҳубини доимии ҳудуди он дар самти муаррифии мероси таърихию фарҳангии кишвар аҳамияти муҳим дорад







