ҶАЛАСАИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ АГЕНТӢ ОИД БА ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ НУҲМОҲА БАРГУЗОР ГАРДИД.   

29 сентябр дар толори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати мушовара оид ба ҷамъбасти фаъолияти Агентӣ дар нуҳ моҳи соли 2026 баргузор гардид.

Дар ҷаласа роҳбарияти Агентӣ, кормандони дастгоҳи марказӣ, роҳбарони ташкилотҳои низоми Агентӣ ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.

Ҷаласаро директори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хоҷазода Шералӣ Раҷаб ифтитоҳ намуда, оид ба натиҷаҳои фаъолияти Агентӣ дар нуҳ моҳи соли 2026 ва вазифаҳои асосӣ барои семоҳаи чоруми соли равон ҳисоботи муфассал пешниҳод намуд.

Дар идомаи ҷаласа сардорони раёсатҳо, шуъбаҳо ва бахш, инчунин роҳбарони ташкилотҳои низоми Агентӣ аз рӯйи самтҳои фаъолияти худ ҳисобот пешниҳод карданд. Дар ҳисоботҳо масъалаҳои марбут ба иҷрои нақшаҳои корӣ, татбиқи барномаҳои давлатӣ, ҳифзу нигоҳдорӣ ва муаррифии мероси таърихию фарҳангии кишвар ва дигар масъалаҳои вобаста ба фаъолияти сохторҳои Агентӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Зимни муҳокима натиҷаҳои фаъолияти сохторҳои Агентӣ таҳлил гардида, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти онҳо дар семоҳаи чоруми соли равон вазифаҳои мушаххас муайян карда шуданд.

Дар фарҷоми ҷаласа ба роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва ташкилотҳои низоми Агентӣ ҷиҳати иҷрои саривақтии супоришҳо, таҳкими интизоми хизматӣ, баланд бардоштани сифати кор ва таъмини ҳифзу нигоҳдории мероси таърихию фарҳангии кишвар дастуру супоришҳо дода шуданд.

Ҳамзамон, масъулин вазифадор гардиданд, ки ҷиҳати иҷрои босифат ва саривақтии вазифаҳои дар семоҳаи чоруми соли равон пешбинишуда, тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top