30 сентябр дар толори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ мизи мудаввари илмӣ таҳти унвони «Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ мероси мондагори миллӣ ва ҷаҳонӣ» баргузор гардид.
Дар чорабинӣ роҳбарият ва кормандони Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Мизи мудаввар бо мақсади гиромидошти шахсият ва мероси илмӣ, адабӣ ва маънавии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, омӯзиш ва муаррифии осори ӯ, инчунин баррасии ҷойгоҳ ва нақши мероси Мавлоно дар тамаддуни миллӣ ва ҷаҳонӣ баргузор гардид.
Зимни чорабинӣ масъалаҳои марбут ба ҳаёт ва фаъолияти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, мақоми ӯ дар адабиёти классикии форсу тоҷик, арзиши маънавию фарҳангии осори гаронбаҳои ӯ ва нақши мероси Мавлоно дар рушди афкори адабӣ ва ирфонии башарӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Иштирокчиён зикр намуданд, ки осори Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ҳамчун яке аз падидаҳои барҷастаи адабиёти классикии форсу тоҷик дорои арзиши баланди таърихӣ, адабӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ буда, дар шинохти тамаддуни ниёгон ва муаррифии фарҳангӣ тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ аҳамияти хосса дорад.
Дар фарҷоми чорабинӣ таъкид гардид, ки омӯзиши ҳамаҷониба ва муаррифии осори Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ барои ҳифзи мероси маънавию фарҳангии миллӣ, таҳкими худшиносии фарҳангӣ ва муаррифии арзишҳои фарҳангии тоҷикон дар ҷаҳони муосир аҳамияти муҳим дорад.



