Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон аз ҷониби Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои нави маъмурии Муассисаи давлатии «Мамнуъгоҳи таърихию
фарҳангии Ҳисор» дар арафаи таҷлили 35 солагии Истиқлоли давлатӣ сохта ба истифода дода шуд.

Бинои маъмурӣ аз 5 утоқи корӣ ва
як маҷлисгоҳ иборат буда, ҳамаи утоқҳои корӣ бо таҷҳизоти муосир ва шароити
зарурӣ таъмин мебошанд.

Ба истифода додани бинои нав
барои беҳтар намудани шароити фаъолияти кормандон, баланд бардоштани
самаранокии кори мамнуъгоҳ ва таҳкими корҳои ҳифзу нигоҳдории мероси таърихию
фарҳангӣ ва илмӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Муассисаи давлатии “Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии
Ҳисор” яке аз мавзеъҳои муҳими таърихию фарҳангии кишвар ба ҳисоб рафта, ҳифзи
ёдгориҳои таърихӣ ва муаррифии мероси фарҳангии тоҷикон аз самтҳои асосии
фаъолияти он мебошад.

Ёдовар мешавем, ки  11 августи соли 2026 аз ҷониби Президенти
мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Мамнуъгоҳи таърихиву фарҳангии Қалъаи
Ҳисор «Қасри Ҳоким» ба таври фосилавӣ ба истифода дода шуда буд. Иншоот дар
доираи лоиҳаи навсозии Мамнуъгоҳи таърихиву фарҳангии Қалъаи Ҳисор бунёд
гардида, ҳамчун яке аз мавзеъҳои муҳими таърихию фарҳангӣ барои муаррифии
тамаддуни қадимии тоҷикон хизмат мекунад.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top