Сафари кории коршиноси байналмилалӣ ҷиҳати таҳияи нақшаи идоракунии мавзеъҳои «Роҳҳои Абрешим: долони Зарафшон–Қароккум»

          Коршиноси байналмилалӣ Рэнд Эппич ва намояндаи Комиссияи миллии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ЮНЕСКО бо сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.

           Ҳадафи сафар таҳияи нақшаи идоракунии мавзеъҳои мероси ҷаҳонии «Роҳҳои Абрешим: долони Зарафшон–Қароккум» буда, меҳмононро дар ҷараёни сафар муовини якуми директори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳӣ менамояд.

          Қобили зикр аст, ки номинатсияи муштараки «Роҳҳои Абрешим: долони Зарафшон–Қароккум» бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Туркманистон таҳия гардида, соли 2023 ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид шудааст.

           Таҳияи нақшаи идоракунӣ барои таъмини ҳифз, нигоҳдорӣ ва идоракунии самараноки мавзеъҳои таърихию фарҳангии ин долони мероси ҷаҳонӣ, инчунин таҳкими ҳамкориҳои кишварҳои иштирокчӣ дар самти ҳифзи мероси муштараки таърихӣ аҳаммияти муҳим дорад.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top