15 октябри соли 2026 иштирокчиёни форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» аз Муассисаи давлатии «Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳулбук» дидан намуданд.
Меҳмононро директори Муассисаи давлатии «Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳулбук» самимона истиқбол намуда, онҳоро бо таъриху фарҳанг, мероси бостонӣ ва арзишҳои таърихии ин минтақа шинос кард.
Зимни боздид иштирокчиёни форум бо таърихи пурғановати Ҳулбук, ки яке аз ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба шумор меравад, шинос шуда, ба ҳифз ва муаррифии мероси фарҳангӣ ҳамчун омили муҳими рушди сайёҳии устувор таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Чунин боздидҳо барои муаррифии имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон, таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мероси таърихию фарҳангии кишвар заминаи мусоид фароҳам меоранд.





