Бо ташаббуси Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз ҷониби Муассисаи давлатии мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии «Ҳулбук» ҷиҳати ободу зебо ва сабзу хуррам гардонидани ҳудуди муассиса корҳои ташкили низоми обёрии қатрагӣ амалӣ шуда истодаанд.
Роҳандозии низоми мазкур барои сарфаи об, истифодаи самараноки захираҳои обӣ ва беҳтар намудани нигоҳубини гулу буттаҳо ва ниҳолҳо мебошад.
Ин иқдом дар баробари фароҳам овардани муҳити зебо, нигоҳдории сабзазор ва беҳтар намудани ҳолати экологии ҳудуди ёдгории таърихию фарҳангии «Ҳулбук» равона гардидааст.





